Сарони давлатҳои ИДМ дар Санкт – Петербург дар бораи чӣ суҳбат карданд?

Тавре пештар хабар дода будем, дирӯз, 26-уми декабр, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон иштирок кард. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ шуданд. “Масъалаи муҳими рӯзнома […]

Тавре пештар хабар дода будем, дирӯз, 26-уми декабр, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон иштирок кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ шуданд.

“Масъалаи муҳими рӯзнома муҳокимаи таҳкими муколамаи сиёсӣ дар доираи иттиҳод буд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳ ба густариши равобити тиҷорӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ миёни кишварҳои ширкаткунанда ва ҳамкориҳо дар заминаи амният буд”, – таъкид мекунад дафтари матбуоти раиси ҷумҳур.

Сарони давлатҳо доир ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳамияти идомаи ҳамкориҳои муассир дар доираи ИДМ-ро таъкид намуданд.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, дар ин нишаст раисиҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид кардааст, ки соли 2023 барои ИДМ соли фавқулода фаъол ва пурбор буд.

Ба гуфтаи ӯ, табодули молу коло миёни кишварҳои ИДМ дар 10 моҳи ахир 2% афзоиш ёфта, 83,7 миллиард долларро ташкил додааст.

Президенти Русия аҳамияти нигоҳдорӣ ва таҳкими равобити кишварҳои муштаракулманофеъро таъкид карда, гуфтааст, дар соли оянда, ки раёсат дар ИДМ ба зиммаи ин кишвар мегузарад, самтҳои асосии ҳамкорӣ таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ бо таваҷҷӯҳ ба истифодаи пули миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона хоҳад буд.

Сарвари Русия роҳбарони кишварҳои ИДМ-ро ба ифтитоҳи Бозиҳои оянда дар Қазон дар соли 2024 ва ҷашнвораи ҷавонону донишҷӯён дар Сочӣ даъват кардааст.

Ҳамчунин, роҳбарони кишварҳои ИДМ аз маконҳои муҳими таърихии Санкт-Петербург дидан карда, дар барномаи фарҳангӣ ширкат варзидаанд.

Баъди анҷоми барномаи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 27-уми декабр ба Душанбе баргашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.