Дар соли 2023 миллати тоҷик дар самту соҳаҳои мухталиф чанде аз шахсиятҳои шинохтаву номдор ва муваффақи худро аз даст дод. Марги ҳар кадоме аз эшон барои Тоҷикистон талафоти гарон аст. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар охири сол аз шинохтатарин шахсиятҳое, ки моро тарк гуфтанд, ёдоварӣ кунад.
Фарҳанг
Соли 2023 бо марги профессор Бурҳон Мамадқулов оғоз шуд. Ин Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва овозхони маъруфи операи тоҷик рӯзи 1-уми январи 2023 дар 77-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Пас аз як моҳ, 8-уми феврал, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз фалаксарои маъруфи тоҷик Чиллахон Холов дар Душанбе аз олам даргузашт. Солҳои охир овозхон бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекард.
Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми 15-уми май чашм аз олам пӯшид.
Баъди 10 рӯз Сабоҳат Қосимова низ оламро тарк гуфт. Ӯ 72-сола буд, унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дошт ва яке аз шинохтатарин ҳунармандони театр ва синамои тоҷик дониста мешуд. Сабоҳат Қосимоваро “модари Аҳорун” ва “Зулайхои саҳна” мегуфтанд. Мавсуфро 25-уми май дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.
Моҳи июн аҳли адаби кишвар бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун хайрбод гуфтанд. Ӯ дар 77-солагӣ шаби 5-уми июн дар Душанбе аз олам даргузашт ва зӯҳри 6-уми июн дар Лучоб ба хок супорида шуд.
Ба қавли ҳамкасбонаш, “Саттор Турсун дар наср нигоҳи тоза дошт ва ҳар чизе, ки навишт, пайванд бо ҳаёти иҷтимоӣ буд, агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт”.
Рӯзи 24-уми август коргардони муваффақи тоҷик Муҳаббат Сатторӣ дар 56-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ яке аз занони ҳунарвари тоҷик буд ва тавонист чаҳорчӯбаи суннатии моро шиканад ва чун коргардонзани муваффақ шинохта шавад.
Бо гузашти як моҳ, 22-юми сентиябр, Некрӯз Ниёзов – оҳангсоз ва овозхонаи ҷавону шинохтаи тоҷик дар як садамаи нақлиётӣ, дар 27-солагӣ даргузашт. Дар паи марги овозхон, писари ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Комёб Файзулло 3 сол зиндонӣ шуд.
Ҳамин тавр, моҳи октябр Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов ҳам ин дунёро тарк кард.
Илм
Соли 2023 теъдоде аз олимони тоҷик дунёро тарк гуфтанд, ки талафоти ҷуброннопазир дар илми кишвар маҳсуб мешавад.
Аз он ҷумла, профессор Давлат Халифаев, яке аз аввалин олимони бахши дорусозии Тоҷикистон рӯзи 9-уми январ дунёро падруд гуфт. Марҳум дар рушди соҳаи дорусозӣ ва назорати сифати он, тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда гузошта буд.
Рӯзи 25-уми январ Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар 75-солагӣ аз олам даргузашт.
Академики шинохтаи тоҷик Пӯлод Бобоҷонов, нафаре, ки бо номи худ дар осмон сайёра дорад, рӯзи 11-уми феврал, дар 92-солагӣ чашм аз олам пӯшид. Ба қавли президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ, “марҳум яке аз бузургтарин астрофизикҳои қарни гузаштаи ҷаҳон шинохта мешуд ва аксари кулли дастовардҳо ва рушди илми астрофизикаи тоҷик ба номи вай иртибот мегирифт”.
Зафар Мирзоён, донишманди маъруфи тоҷик, субҳи 7-уми июн дар 74- солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ муҳаққиқи рӯзгор ва осори Фирдавсӣ буд ва беш аз 10 сол роҳбари маҳфили "Шоҳномахонӣ"-ро ба зимма дошт.
Саидмуҳаммад Одинаев, академики АМИТ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик 4-уми август дар 81-солагӣ дар Душанбе аз олам гузашт. Ӯ чандин сол ректори Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ҳатто марҳумро меҳрубону самимитарин ректор унвон карда буданд.
Рӯзи 6-уми сентябр Акбар Адҳамов – физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика ва фарзанди нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон, академик Акобир Адҳамов дар 67-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Пас аз як моҳ, 5-уми октябр, публистист ва адабиётшиноси шинохта Муртазо Зайнидинов дар 65-солагӣ дар Душанбе ин оламро видоъ гуфт. Ӯ номзади илм ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо низ ҳаст.
Баъди бештар аз 20 рӯз, 27-уми октябр, профессор Усмонҷон Ғаффоров, яке аз муаррихони маъруфи тоҷик дар 78-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Марҳум аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва фарзандони барӯманди миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст.
Рӯзноманигорон
Дар соли равон чандин рӯзноманигор, наттоқ ва аккосҳои шинохта ҳам чашм аз олами ҳастӣ бастанд.
Илҳом Маҳкамов, ровии шинохтаи телевизиони Тоҷикистон субҳи 4-уми август даргузашт. Номбурда солҳо муҷрии барномаи “Ахбор” бо забони русӣ буд. Ҳамзамон, дар соҳаи синамои Тоҷикистон ва Русия кор мекард ва яке аз ҳамкорони коргардони маъруфи синамо Валерий Аҳадов буд.
Рӯзи 16-уми август Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, аккоси моҳир ва суратгири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар 73-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Рафоат Абдусаломова, журналисти шинохта ва нахустнаттоқи телевизиони тоҷик ҳам 24-уми октябр дар 84-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Маҳз ӯ соли 1959 нахустин барномаи телевизиони тоҷикро бо забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш карда буд.
Баъди як моҳ, Аслам Додихудоев, яке аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик, сармуҳаррири пешини барномаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон 13-уми ноябр дар 77-солагӣ аз дунё гузашт.
Ходимони давлатӣ
17-уми июн дар 52-солгаӣ полковник Абдураҳмон Муборакқадамзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Александр Владимирович Шишлянников, генерал майори мустаъфӣ, аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки солҳои охир дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мезист, 15-уми сентябри соли 2023, дар 73-солагӣ чашм аз олам баст.
Соли 2012 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Душанбе аз Шишлянников ёдовар шуда, гуфта буд: “Ман худам дар тамрингоҳ, дар хаймаҳо артиши миллӣ таъсис додам. Мо қувваҳои мусаллаҳ надоштем, вазири мудофиа надоштем, генералу сарбозон надоштем. Мо аз давлати дигар беш аз 200 афсар хоҳиш кардем. Ва ман аз байни онҳо полковник Шишлянниковро интихоб намуда, вазири мудофиа таъин кардам”.
Рӯзи 19-уми октябр Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистон дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Шабдолов ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд. Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.
Аввали моҳи декабр Азизулло Исматзода, узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар дар 59-солагӣ даргузашт.
Баъди як ҳафта Амиршо Миралиев, роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси пешини вилояти Хатлон, дар яке аз беморхонаҳои давлати Туркия вафот кард. Марҳумро чеҳраи калидӣ дар ҳукумат ва яке аз ҳамроҳони содиқи Эмомалӣ Раҳмон унвон мекарданд. Ӯро 7-уми декабр дар ноҳияи Данғара ба хок супориданд.
Чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа
Масъуд Турсунзода, писари калонии Мирзо Турсунзода, шоири маҳбуб ва Қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябр дар Душанбе даргузашт. Ӯро ҳамон рӯз дар қабристони Сариосиёи пойтахт ба хок супориданд.
Инчунин, Асад Гулзодаи Бухороӣ – шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро ва яке аз пуштибонҳои оштинопазири забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон субҳи 29-уми май аз олам даргузашт.
Асад Гулзодаи Бухороӣ дар солҳои охир машғули кори эҷодӣ ва шеърнависӣ буд. Бештари шеърҳои марҳум дар васфи Бухоро ва бузургони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Ҳайрат, Аҳмади Дониш ва ғайра буда, дар онҳо бузургии халқи тоҷик таҷассум меёфтанд.
Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва яке аз овозхонҳои шинохтаи ду кишвар ҳам 4-уми сентябр дар шаҳри Тошканд аз олам чашм пӯшид. Садои ӯ беш аз 20 сол дар радиову телевизиони кишвари ҳамсоя пахш намешуд, аммо миёни мардуми тоҷику ӯзбек мақоми баланд ва обрӯи беандозаро соҳиб буд. Рӯзи маргаш як гурӯҳ зиёиёни тоҷик ҳам ба хайрбоди Шӯралӣ Ҷӯраев ба Тошкант рафта буданд.
Ҳамин тавр, ситораи “Тоҷикфилм”-и замони шӯравӣ, ҳунарпеша ва коргардони ӯзбеку рус Рустам Уразаев дар соли 66-уми умраш даргузашт. Ӯ дар чандин филмҳои тоҷикии забони шӯравӣ нақшҳои марказӣ офаридааст.


