Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бори нахуст ба даври ниманиҳонии ин мусобиқа роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон гардид. Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки голҳоро дар бозӣ бо Афғонистон Ризо Ҳусейнпур дар дақиқаи […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бори нахуст ба даври ниманиҳонии ин мусобиқа роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон гардид.

Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки голҳоро дар бозӣ бо Афғонистон Ризо Ҳусейнпур дар дақиқаи 19 (ба дарвозаи худ) ва Файзалӣ Сардоров дар дақиқаи 47 ба самар расониданд. Голи ягонаи мунтахаби Афғонистонро бошад, дар дақиқаи 23 Фарзод Маҳмудӣ вориди дарвоза намуд.

Қаблан тими милии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” мунтахаби Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо дастаҳои Қирғизистон ва Ҷопон бозиро мусовӣ – 2:2 ва 1:1 анҷом дод ва бо ишғоли зинаи аввал дар гуруҳ ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромада буд. Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 26 апрел ва вохӯрии финалӣ санаи 28 апрел баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки тими Тоҷикистон дар таърихи худ бори 12-ум дар даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё ширкат меварзад.

Ҳамакнун, баъди ин ғалабаи таърихӣ, тими Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.