Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”

Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. Дар доираи сафари Одил Рено-Бассо имзои якчанд лоиҳаҳо дар назар аст, ки ба қарздиҳии "сабз” дар чаҳорчӯби Нақшаи амали “Шаҳри сабзи Душанбе” […]

Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Дар доираи сафари Одил Рено-Бассо имзои якчанд лоиҳаҳо дар назар аст, ки ба қарздиҳии "сабз” дар чаҳорчӯби Нақшаи амали “Шаҳри сабзи Душанбе” ва дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорати занон равона мешавад.

Чанде пеш пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Одио Рено-Бассо зикр кард, ки ҷонибҳо афзалиятҳои стратегии кишвар ва мусоидати БАТР дар ҳалли масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, рақамикунонӣ, ҳамгироии минтақавии иқтисоди миллӣ ва таҳкими имконияти содироти “иқтисоди сабз”-ро баррасӣ кардаанд.

“Соли гузашта Бонки аврупоии таҷдиду рушд 30-солагии фаъолияти худро дар Тоҷикистон ҷашн гирифт. Ман хеле қаноатмандам, ки дар Тоҷикистон ҳузур дорам ва шоҳиди натиҷаҳои фаъолиятамон мебошам”, – гуфт Одил Рено-Бассо.

Президенти БАТР таъкид дошт, ки Бонк яке аз сармоягузорони бузурги Тоҷикистон ба шумор рафта, бахшҳои энергетика, таъминот бо об, нақлиёт, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкории хурду миёнаро дастгирӣ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба раҳбаияти бонк ҷишати робитаҳои доимӣ ва пурсамар дар давоми 30 сол изҳори минттадорӣ кард.

“Мо сатҳи имрӯзаи ҳамкориямонро бо Бонк баланд арзёбӣ менамоем ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди кишвар аз он умедвориҳои калон дорем”, – гуфт ӯ.

Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонк маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд.

Дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ба баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон ва  дастгирии тобоварии иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантию имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар маҷмӯъ ба устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ боис мегардад.

Мусоидат ба пешрафти бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, инчунин маориф ва муҳоҷирати корӣ, аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Қобили зикр аст, ки Одил Рено-Бассо бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон омад. То имрӯз БАТР ба 168 лоиҳа дар Тоҷикистон 947 млн евро сармоягузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.