Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард

Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) барои аввалин бор дар таърих радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии дастаҳои футзалро миёни дастаҳои миллӣ эълон кард. Тавре ки дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад, бар асоси раддабандии ФИФА тими миллии футзали Тоҷикистон бо касби 1167,37 хол дар байни 139 кишвари ҷаҳон дар зинаи 34-ум қарор дорад. Аз рӯйи натиҷагирии […]

Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) барои аввалин бор дар таърих радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии дастаҳои футзалро миёни дастаҳои миллӣ эълон кард.

Тавре ки дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад, бар асоси раддабандии ФИФА тими миллии футзали Тоҷикистон бо касби 1167,37 хол дар байни 139 кишвари ҷаҳон дар зинаи 34-ум қарор дорад.

Аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2024, ки чанде пеш дар Бангкок ба анҷом расид, мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов мақоми 4-умро касб карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гардид. Ҷоми ҷаҳон имсол аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон барпо мегардад.

Дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд футзалбозони Тоҷикистон 6 вохӯрӣ анҷом доданд. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот футзалистони тоҷик бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ карданд. Дастаи Пайрав Воҳидов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқот бар Афғонистон (2:1) зафар ёфт.

Футзалбозони Тоҷикистон даври ниманиҳоӣ аз тими миллии Тайланд (вақти асосӣ – 3:3, аз рӯйи пеналти – 5:6) ва дар бозӣ барои ҷойи севум аз тими миллии Ӯзбекистон (вақти асосӣ – 5:5, аз рӯйи пеналти – 1:3) шикаст хӯрданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.