Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май – Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад

Ҳамакнун, ҳамасола рӯзи 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад. Ин пешниҳод аз сӯи Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд ва дирӯз, 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ дар ин бора қатънома қабул кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) хабар медиҳад. […]

Asia-Plus

Ҳамакнун, ҳамасола рӯзи 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад. Ин пешниҳод аз сӯи Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд ва дирӯз, 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ дар ин бора қатънома қабул кард.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) хабар медиҳад.

Бори нахуст, моҳи феврали соли равон Рустам Эмомалӣ ба СММ пешниҳод карда буд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

“Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд”, – гуфта мешавад дар хабарномаи ВКХ Тоҷикистон.

Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид шудааст.

Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар бахши амалиётии қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии занону духтарон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст, даъват ба амал оварда шудааст.

Зимнан, дар ҷаҳон беш аз 120 миллион нафар ба футболбозӣ машғуланд. Соли 1863 қоидаҳои расмии бозии даставӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Англия муқаррар карда шуд. Он вақт андозаи майдони бозӣ ва дарвозаҳо муқаррар карда шуданд. Соли 1904 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ташкил карда шуд. Дар айни замон он 211 ташкилоти футболро ба ҳам меорад.

Тибқи қатъномаи нави СММ ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ташаббусро якдилона пазируфта, акнун ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май таҷлил мешавад.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии футбол 10 декабр таҷлил мешавад, ки он низ бо ибтикори СММ муқарар шуда буд, аммо ин ҷашн мақоми расмӣ надошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.