Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ

Промоушени маъруфу писандидаи UFC радабандиҳо (рейтингҳо)-и навшудаи размикорони худро ба нашр расонид. Ҷолиб аст, ки UFC маъмулан радабандии 15 нафар (топ-15) дар ҳар як вазнро чоп мекунад, лекин ин маънои онро надорад, ки аз ин мавқеъ поинтар размикорон нестанд. Радабандии UFC моҳи феврали соли 2013 ҷорӣ шуда, аз ҷониби як гурӯҳи коршиносони иборат аз намояндагони […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Промоушени маъруфу писандидаи UFC радабандиҳо (рейтингҳо)-и навшудаи размикорони худро ба нашр расонид.

Ҷолиб аст, ки UFC маъмулан радабандии 15 нафар (топ-15) дар ҳар як вазнро чоп мекунад, лекин ин маънои онро надорад, ки аз ин мавқеъ поинтар размикорон нестанд.

Радабандии UFC моҳи феврали соли 2013 ҷорӣ шуда, аз ҷониби як гурӯҳи коршиносони иборат аз намояндагони ВАО таҳия мешавад. Ба онҳо пешниҳод мешавад, ки ба размикороне, ки ба ақидаашон дар вазни худ ва аз рӯи холҳо дар UFC беҳтаринанд, овоз диҳанд. Размикор танҳо дар ҳолате дар овоздиҳӣ иштирок карда метавоанд, ки дар UFC мақоми амалкунанда дошта бошад.

Чанд сол пеш дар Лигаи писандидатарини ҷаҳон дар муҳорибаҳои омехта – UFC ягон размикори тоҷик набуд. Баҳори соли 2023 якбора 4 варзишгар аз Тоҷикистон дар ин лига пайдо шуданд.

Муин Ғафуров 2 қувваозмоӣ гузаронида, ҳардуяшро бохт. Лоиқ Раҷабов дар ду қувваозмоӣ ғолиб омада, дар яктоаш шикаст хӯрд. Нурулло дар як қувваозиоӣ пирӯз шуда, сипас ҷароҳат гирифт ва муддати тӯлонӣ барқарор шуд. Муҳаммад Наимов бошад, дар ҳамаи се рақобати худ ғолиб омада, пас аз ғалабаи чорум метавонад ба рӯйхати 15-гонаи беҳтарин шомил гардад.

Айни замон мавқеи намояндагони Тоҷикистон дар радабандӣ миёни размикорони сатҳи ҷаҳонӣ чандон баланд нест, лекин агар дар қувваозмоиҳо танҳо ғалаба ба даст оранд, ҳамааш метавонад тағйир ёбад.   

Муин Ғафуров (18-6) миёни размикорони беҳтарини ҷаҳон дар мавқеи 76-ум, Лоиқ Раҷабов (18-5-1) – зинаи 54-ум, Нурулло Алиев (9-0) – мақоми 51-ум ва дар зинаи аз ҳама баландтар Муҳаммад Наимов (11-2) – 25-ум қарор доранд.

Чаро ҳама талош мекунанд, ки дар UFC ҳунарнамоӣ кунанд?

Коршиноси ММА Далер Латипов мегӯяд, Лигаи Дана Уайт аз ҳама писандида ва маъруф буда, аз ин рӯ, размикорон, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ мехоҳанд, ки маҳз дар Лигаи UFC ҳунарнамоӣ кунанд.

“Натанҳо намояндагони Тоҷикистон, балки ҳамаи размикорони ҷаҳон мехоҳанд дар UFC рақобат кунанд. Ин лигаи машҳуртарин, пурқувваттарин ва писандидатарин аст. Ҳунарнамоӣ дар ин промоушен ба ҳама гуна варзишгар имконест барои муаррифии худ дар саросари дунё. Илова бар ин, ин натанҳо имкони пули хуб кор кардан, балки беҳбуди мақому нуфуз (имиҷ)-и худ низ мебошад”, – изҳор дошт ӯ.

Баъди пирӯзии размикор дар якчанд рақобат дар лига, сарпарастон ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ӯ мутаносибан имкон пайдо мекунад, ки зиёдтар пул кор кунад, аз ҷумла аз ҳисоби реклама.

“Пул як сабаби аслиест, ки майли размикоронро ба UFC зиёд мекунад. Дар он ҷо размикор метавонад худро арзанда муаррифӣ намуда, малакаҳояшро сайқал диҳад ва дар маълумотномааш бисёр ҷиҳатҳои мусбат дохил кунад. Дар ҳамин ҳол, дар ҳамаи вазни дивизионҳои UFC ба зинаҳои боло рафтан осон нест. Бисёриҳо рӯҳафтода мешаванд, аз ҷумла аз лиҳози равонӣ, ба фишор тоб оварда наметавонанд. Пас аз ин метавон ҳунарнамоӣ дар UFC-ро фаромӯш кард”, – зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.