Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?

Тоҷикистонӣ Беҳзод Усмонов (11-4) дар мусобиқаи лоиҳаи UFC – The Ultimate Fighter 32 (TUF32) иштирок кард. Ҳоло ӯ имзои қарордод бо лигаро интизор аст. Тавре ки ба “Азия-Плюс” худи размикор хабар дод, роҳбари UFC Дана Уайт ба ӯ имкон медиҳад, ки моҳҳои август-сентябр дар ин лига рақобат кунад. Мавсими 32-юми «The Ultimate Fighter: Алекса Грассо […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Тоҷикистонӣ Беҳзод Усмонов (11-4) дар мусобиқаи лоиҳаи UFC – The Ultimate Fighter 32 (TUF32) иштирок кард. Ҳоло ӯ имзои қарордод бо лигаро интизор аст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” худи размикор хабар дод, роҳбари UFC Дана Уайт ба ӯ имкон медиҳад, ки моҳҳои август-сентябр дар ин лига рақобат кунад.

Мавсими 32-юми «The Ultimate Fighter: Алекса Грассо vs Валентина Шевченко» рӯзи 4 июн дар шабакаи телевизиони ESPN оғоз мешавад. Усмонов дар ҳайати дастаи Грассо ба “Азия-Плюс” дар бораи таассуроташ аз иштирок дар лоиҳа изҳори назар кард.

“Вақтамро хуш гузаронида, дар паҳлӯи Гейҷи машқ кардам. Ҳозир қарордод бо UFC-ро мунтазирам. Дана Уайт гуфт, ки моҳҳои август-сентябр бо ман қарордод баста, барои рақобат дар лига имкон медиҳанд”, – иброз дошт ӯ.

Варзишгар ҳамчунин зикр кард, ки дар вазнҳои сабук ва сабуктарин рақобат мекунад.

“Аз гӯштин сар карда, тадриҷан ба бокси тайиландӣ ва кикбоксинг, сипас ММА гузаштам. Малакаҳои мро дар TUF32 дидан барои ҳама мароқовар хоҳад буд. Дар лоиҳаи TUF32 зери парчами Тоҷикистон рақобат кардам”, – гуфт Усмонов.

Размикор мегӯяд, барои наворбардории TUF32 панҷ ҳафта вақт сарф шуд. Бинобар сабаби уҳдадориҳо дар қарордод, ӯ дар бораи дигар ҷузъиёти иштирок дар ин наворбардориҳо маълумот дода натавонист. Лоиҳа дар доираи реалити-шоу намоиш дода мешавад.

Панҷум размикори UFC аз Тоҷикистон кист?

Беҳзод Усмонов 10 августи соли 1995 дар деҳаи Куркати вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дар синни 10-солагӣ ҳамроҳи пайвандонаш ба Русия мекӯчад. То синни 20-солагӣ дар Русия таҳсил кардаву ба воя расидааст. Сипас дар Таиланд, Чин, Австралия, Сингапур зиндагӣ ва машқу тамрин карда, айни замон дар шаҳри Албукерке (иёлати Ню-Мексико, ИМА) иқомат дорад.

Оиладор аст. Дар корҳои менеҷменти толори «Jackson Wink Academy» кумак карда, бо размикорон аз Осиё ва Русия ҳамкорӣ ва онҳоро дар ИМА дастгирӣ мекунад. Бо размикорони маъруфи UFC, аз ҷумла Тони Фергюсон, Холли Холм ва Ҷон Додсон машқу тамрин (спарринг) кардааст.

Дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва омӯзгорӣ (педагогика) маълумоти олӣ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.