Тоҷикистон боз ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст: акнун дигар лимит намешавад?

Тоҷикистон Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи то соли 2030, ки дар ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона баррасӣ шуд, маъқул донист. Ба ақидаи коршиносон ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ бармегардад. Яке аз бандҳои калидии Стратегия дурнамои рушди иқтидори […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи то соли 2030, ки дар ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона баррасӣ шуд, маъқул донист.

Ба ақидаи коршиносон ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ бармегардад.

Яке аз бандҳои калидии Стратегия дурнамои рушди иқтидори транзитии захираҳои энергетикӣ ва имконияти диверсификатсияи хатсайрҳои содиротӣ, ташаккули системаи нави энергетикӣ бо ташкили тавозуни афзалиятҳои рушди соҳа мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон муддати тӯлонӣ барои ҳамроҳ шудан ба ин Системаи ягонаи энергетикӣ омодагӣ мегирифт.

Зимни ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа хабар дод, ки корҳои сохтмону ба истифода додани иншооти зарурӣ барои пайвастан ба низом аллакай ба анҷом расидааст.

“Ин ба эътимоднокии низоми энергетикии минтақа тақвият мебахшад”, – изҳор дошт вазири энергетикаи Тоҷикистон.

Барои пайваст шудан ба Низом охири соли 2018 Бонки осиёии рушд ба маблағи 35 млн доллар грант ҷудо кард. Корҳои мазкур мутобиқи қарордод байни тарафҳо бояд соли 2022 ба охир мерасиданд.

Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ чист?

Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1960), вақте ки ҳамаи кишварҳои минтақа қисми як давлат буданд, таъсис дода шудааст. Система аз ҷониби маркази Ҳамоҳангсозӣ-диспетчерӣ дар Тошканд идора карда мешуд ва имкон медод, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба неруи барқ ва талабот ба об дар давраи обёрӣ ба мувозинат оварда шавад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сарди сол дар обанборҳо об ҷамъ карда, аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон нерӯи барқ ва захираҳои энергетикӣ (ангишт ва гази табиӣ) мегирифтанд.

Дар мавсими тобистон Тоҷикистону Қирғизистон оби дар зимистон ҷамъшударо ба кишварҳои зикршуда барои обёрии заминҳои кишоварзӣ мефиристоданд. Ҳамчунин дар тобистон Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамсояҳо неруи барқи барзиёд истеҳсолшударо интиқол медоданд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ин низоми энергетикӣ якчанд сол боқӣ монда, сипас кишварҳо яке паси дигар онро тарк карданд.

Минбаъд маълум шуд, ки хориҷ шудан аз ҳалқаи ягонаи энергетикӣ барои ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад нест. Ин бо афзоиши доимии истифодаи барқ дар минтақа ва кӯҳнашавии инфрасохтори энергетикӣ вобаста буда,  ба давлатҳои ҷудогона имкон намедиҳад, ки бе дастгирии ҳамсояҳо худро бехатар эҳсос кунанд.

Аз ин рӯ, дар соли 2014 кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба кори барқарорсозии ҳалқаи энергетикӣ шурӯъ карданд.

Тобистони соли 2019 ҳатто оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи ислоҳоти энергетикӣ ва таъсиси бозори ягонаи нерӯи барқ эъломияи муштарак имзо шуд. Охири соли 2021 Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба системаи ягонаи энергетикӣ баргардад. Ҳиссаи асосии иқтидори гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.