Вохӯрии навбатии мақомоти минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар Ботканд вохӯрии дуҷонибаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин бора Turmush хабар медиҳад. Ҳайати Қирғизистонро муовини аввали ҳокими ноҳияи Ботканд Таалайбек Ибраимов ва Тоҷикистонро – раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода роҳбарӣ карданд. Вохӯрӣ дар мавзеи наздимарзии деҳаи Уртабузи Қирғизистон ва маҳаллаи аҳолинишини Хоҷаи Аълои Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба маълумоти Turmush, ҷонибҳо масоили […]

Asia-Plus

Дар Ботканд вохӯрии дуҷонибаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин бора Turmush хабар медиҳад.

Ҳайати Қирғизистонро муовини аввали ҳокими ноҳияи Ботканд Таалайбек Ибраимов ва Тоҷикистонро – раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода роҳбарӣ карданд.

Вохӯрӣ дар мавзеи наздимарзии деҳаи Уртабузи Қирғизистон ва маҳаллаи аҳолинишини Хоҷаи Аълои Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Turmush, ҷонибҳо масоили марбут ба оби нӯшокиро, ки аз Ворухи Тоҷикистон ба авулҳои Оқ-Сой, Оқ-Татир, Самарқандеки ноҳияи Ботканд меояд, баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили вобаста ба сарҳад, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, оби нӯшокӣ, иҷрои мувофиқашудаи ҳамаи корҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаи пешгирии сохтмон ва дигар навъҳои фаъолият дар қаламравҳои мувофиқанашуда бидуни баррасии ҳарду тараф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин ҳафта зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев изҳор намуд, ки дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки ҳоло дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат – ду-се моҳи оянда роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.