Қабули қатъномаи нав дар бораи Фаластин бо ҳимояи Тоҷикистон ва 123 кишвари дигар

Маҷмаи Умуми Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) қатъномаеро қабул кард, ки дар он аз Исроил хоста шудааст, дар зарфи як соли оянда нерӯҳои худро аз Фаластин берун барад. Тибқи иттилои BBC, ин қатънома рӯзи 18-уми сентябр дар СММ барои овоздиҳӣ пешниҳод шуда, ба он 124 кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон раъйи мусбат додаанд. Аз қатъномаи ҷадид дар бораи […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Маҷмаи Умуми Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) қатъномаеро қабул кард, ки дар он аз Исроил хоста шудааст, дар зарфи як соли оянда нерӯҳои худро аз Фаластин берун барад.

Тибқи иттилои BBC, ин қатънома рӯзи 18-уми сентябр дар СММ барои овоздиҳӣ пешниҳод шуда, ба он 124 кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон раъйи мусбат додаанд.

Аз қатъномаи ҷадид дар бораи Фаластин кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ пуштибонӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки аз 193 кишвари узв дар Маҷмаи Умумӣ 14 кишвар ба шумули Исроил ва ҳампаймони ин кишвар Амрико, инчунин, Чехия, Аргентина, Маҷористон ва 9 кишвари дигар зидди тасвиби қатъномаи мазкур баромадаанд.

Аз овоздиҳӣ ба ин қатънома 43 кишвар ба монанди Украин ва ва Австралия худдорӣ кардаанд.

Дар ин қатънома аз Исроил илова бар берун кардани нерӯҳояш аз сарзаминҳои фаластинӣ, ҳамчунин, хоста шудааст, ки сохтани шаҳракҳои ҷадидро қатъ карда, замину амволи ғасбшудаи мардумро баргардонад ва ба оворагони фаластинӣ иҷозаи бозгашт диҳад.

Ба навиштаи BBC,  ин қатънома бар асоси як хулосаи машваратии додгоҳи олии СММ дар моҳи июли соли ҷорӣ, ки гуфта буд, Исроил бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ соҳили Ғарб, Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва навори Ғаззаро ишғол кардааст, асос ёфтааст.

Риёз Мансур, намояндаи Фаластин дар СММ овоздиҳиро нуқтаи гардиш дар муборизаи барои озодӣ ва адолат хондааст. Аммо Дани Данон, ҳамтои исроилиаш ин овоздиҳиро маҳкум карда, онро тасмими шармовар, ки аз  “терроризми дипломатӣ" ҳимоят мекунад, унвон кардааст.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос, яке аз роҳбарони Фаластин қарор аст рӯзи 26-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Миллал суханронӣ кунанд.

Бояд гуфт, ҳарчанд қатъномаҳои Ассамблеяи Генералӣ ҳатмӣ нестанд, аммо онҳо дорои аҳамияти рамзӣ ва сиёсӣ мебошанд, зеро онҳо мавқеи ҳамаи 193 кишвари узви СММ-ро инъикос мекунанд.

Тоҷикистон дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2023 аз Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза пуштибонӣ карда буд. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи фоҷеабори Фаластин чандин бор нигаронӣ карда, аз Ҳамос ва Исроил даъват карда буд, ки фавран оташбас эълон кунанд.

Моҳи ноябри соли гузашта ӯ гуфта буд, ки “қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад”.

Ёдрас мешавем, ки ҷанг дар Ғазза як сол аст, ки ҷараён дорад. Ин ҷанг миёни моҳи октябри соли гузашта баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, ки боиси кушта шудани наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани 250 кас дигар шуд, оғоз гардид.

Баъди он Исроил ба Ғазза ҳамла кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, ки сар аз 7-уми октябр то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 41 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.