“Истиқлол” дар бозии панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ҳам шикаст хӯрд

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шоми дирӯз, 26-уми ноябр, дар доираи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар сафар бо “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат кард ва бо натиҷаи 3 бар 1 бозиро бохт. Ягона голи дастаи шаҳри Душанберо Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонд. Бояд гуфт, “Истиқлол” бо гузашти панҷ бозӣ ҳеҷ имтиёзе ба даст […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шоми дирӯз, 26-уми ноябр, дар доираи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар сафар бо “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат кард ва бо натиҷаи 3 бар 1 бозиро бохт. Ягона голи дастаи шаҳри Душанберо Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонд.

Бояд гуфт, “Истиқлол” бо гузашти панҷ бозӣ ҳеҷ имтиёзе ба даст наовард. Ин даста бо бохт дар тамоми бозиҳо ва бо 0 имтиёз дар зинаи охири гурӯҳи “С”-и мусобиқот қарор дорад. Қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳанӯз баъди бохт дар даври гузашта имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дода буд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” дастаҳои “Ал-Ваҳда”-и Урдун ва “Сипоҳон”-и Эрон бо натиҷаи 1:1 мусовӣ карданд. Баъди анҷоми даври панҷум “Ал-Ваҳда” бо 11 хол садрнишини гурӯҳи “С” ва “Шарҷа” бо доштани як имтиёз камтар аз ин даста дар ҷои дуюм қарор дорад.

Ҳамчунин, ҳардуи ин дастаҳо роҳхати марҳилаи баъдии мусобиқаро низ ба даст оварданд. Дастаи “Сипоҳон”-и Эрон 7 хол дошта, баъди мусовӣ дар баробари “Ал-Ваҳда” дар зинаи сеюми гурӯҳ мавқеъ касб кард ва имкони баромадан ба марҳилаҳои финалиро пурра аз даст дод.

Гурӯҳи “С”

“Ал-Ваҳда”-и Урдун – 11 хол;

“Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб – 10 хол;

“Сипоҳон”-и Эрон – 7 хол;

“Истиқлол”-и Тоҷикистон  – 0 хол;

Дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқа рӯзи 3-юми декабр дастаи “Истиқлол” бо “Сипоҳон” ва “Ал-Ваҳдат” бо “Шарҷа” рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.

Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.

Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб  тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.

Ду дастаи Тоҷикистон сарфи назар аз роҳхат нагирифтан ба марҳилаҳои финалӣ барои иштирок дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.