Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд

“Тоҷикстандарт” чанд соҳибкор аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳро барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ дода, менависад, ки тоҷирон дар натиҷаи 771 санҷиш дар давоми сол, ки 764 қонуншиканиро ошкор кард, ҷарима шуданд. Манбаъ гуфт, дар натиҷаи санҷиш ҳамчунин як миқдор бозичаҳои […]

“Тоҷикстандарт” чанд соҳибкор аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳро барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Дар ин бора Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ дода, менависад, ки тоҷирон дар натиҷаи 771 санҷиш дар давоми сол, ки 764 қонуншиканиро ошкор кард, ҷарима шуданд.

Манбаъ гуфт, дар натиҷаи санҷиш ҳамчунин як миқдор бозичаҳои бачагона, маҳсулоти хӯрока, нӯшокиҳо, ки мӯҳлати истеъмолашон гузашта, ба саломатӣ хатарнок будаанд, нобуд карда шудаанд.

Аз ҷумла, 605,3 кг маҳсулоти хӯрока, 840 дона қандакҳои истеҳсоли Чин, 1271 литр нӯшокиҳо, 2988 дона бозичаҳои кӯдакона, ки дар маҷмуъ арзишашон 36 ҳазору 465 сомониро ташкил медод, нобуд карда шудааст.

Ин ниҳод ба истеъмолкунандагон тавсия додааст, ки ҳангоми хариди маҳсулот ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулот ва чиптаи хазинавиро талаб намоянд.

Қаблан, Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” дар ҳисоботи шашмоҳаи худ зимни нишасти матбуотӣ аз ошкор гардидани 708 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ дар 6 моҳ иттилоъ дода буд.

Ӯ гуфта буд, ки дар ин давра 3 ҳазору 895 қонуншиканӣ ошкор ва тоҷирон беш аз 1,1 млн сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.