Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?

Дар истеҳсоли картошка Тоҷикистон ба нишондиҳандаи рекордӣ расид – дар зарфи 10 моҳи соли 2024 – 1 млн 139 ҳазору 936 тонна, ки 20,6% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст. Дар ин бора маълумоти Агентии омор гувоҳӣ медиҳад. Аммо сарфи назар аз ин дастовард, аз лиҳози гаронии он ҷумҳурӣ миёни кишварҳои ИДМ дар зинаи дуюм […]

Дар истеҳсоли картошка Тоҷикистон ба нишондиҳандаи рекордӣ расид – дар зарфи 10 моҳи соли 2024 – 1 млн 139 ҳазору 936 тонна, ки 20,6% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст. Дар ин бора маълумоти Агентии омор гувоҳӣ медиҳад. Аммо сарфи назар аз ин дастовард, аз лиҳози гаронии он ҷумҳурӣ миёни кишварҳои ИДМ дар зинаи дуюм қарор дорад.

Чаро ҳосили хуб ба поинравии нарх боис намегардад?

Нарх ба истеҳсол вобаста нест

Моҳи ноябри соли 2024 нархи миёна ба картошка дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12,2% поин рафта, арзиши 1 килои он дар Душанбе 5-6 сомонӣ ва дар минтақаҳо 4,20-5,80 сомониро ташкил доданд.

Ба гуфтаи коршиносон, поинравии мавсимии нархҳо қодир нест, ки таъсири омилҳои дарозмуддатро ҷуброн кунад. Гап сари он аст, ки дар натиҷаи афзоиши хароҷот ба истеҳсол нархи баланд бетағйир боқӣ мемонад.

Қисми зиёди картошка дар хоҷагиҳои хурд истеҳсол мешавад. Аксар вақт онҳо бо техникаи кӯҳна ва бидуни дастрасӣ ба технологияҳои муосири кишоварзӣ кор мекунанд. Ин ҳосилнокиро кам карда, иқтидори соҳаро маҳдуд месозад.

Боз як сабаби дигар дар он аст, ки дар ноҳияҳое чун Шаҳристон, Деваштич, Нуробод ва ғайра ҳар сол дар фасли тобистон камобӣ ба мушоҳида мерасад.

Нархҳои баланд инчунин бо нокофӣ будани логистика ва инфрасохтори анбор алоқаманданд. Аксари кишоварзон мегӯянд, ки анборҳои замонавӣ надоранд ва маҷбуранд, ки маҳсулоти худро тавассути миёнаравҳо ба фурӯш гузоранд ва ё аз усулҳои кӯҳнаи нигаҳдорӣ истифода баранд. Илова бар ин, шабакаи начандон хуби нақлиёт хароҷоти интиқолро зиёд мекунад. Ин омил ба арзиши ниҳоии маҳсулот таъсир мерасонад.

Дар Тоҷикистон чӣ қадар картошка парвариш карданд?

Мувофиқи маълумоти оморӣ, зиёда аз нисфи ҳосили картошка дар вилояти Суғд (640 ҳазор тонна) истеҳсол мешавад, ки 19,8% зиёдтар аз нишондиҳандаи соли гузашта аст. Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳаҷми истеҳсоли картошка 25,7% зиёд шуда, ба 283 ҳазор тонна расидааст.

Дар вилояти Хатлон низ ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулоти кишоварзӣ 19,5% афзуда, 248 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти ахир, аз рӯи ҳаҷми истеҳсол Тоқикистон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар зинаи 4-ум қарор дорад.

Истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 111 кг рост омада, аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ дар минтақа пас аз Қирғизистону Қазоқистон дар ҷойи сеюм аст. Қаблан дар Вазорати кишоварзӣ изҳор дошта буданд, ки дар як сол барои 1 нафар 92 кило картошка лозим аст.

Дурнамои картошкапарварӣ дар солҳои наздик

Картошкапарварӣ дар Тоҷикистон яке аз зерсоҳаҳои муҳимтарини бахши кишоварзӣ ба шумор меравад. Дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ барномаи истеҳсоли беш аз як миллион тонна картошка дар як сол қабул шуд.

Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, имсол дар Тоҷикистон 1 млн 163 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуда, то соли 2027 ин нишондиҳанда ба 1 млн  203 ҳазор тонна расонида мешавад.

Аз соли 2018 истеҳсоли картошка ба туфайли васеъ кардани майдонҳои кишт зиёд мешавад. «Тарзи густардаву дарозмуддат (экстенсивӣ)-и пешбурди кишоварзӣ самаранокии кам дорад, махсусан дар шароити иқлими гарм ва норасоии заминҳои обӣ», – зикр мекунад доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев.

Коршинос зарурати гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ ва тақвият бахшидан ба рушди бахши кишоварзиро таъкид мекунад.

Ҳосилнокии картошка аз ҳар гектар дар ҳудуди 21,8-22,3 тонна боқӣ мемонад, ки аз меъёрҳои ҷаҳонӣ пасттар аст. Партоев бар ин назар аст, ки барои баланд бардоштани ин нишондиҳанда ҳамкории фаъолона бо коршиносону муассисаҳои илмӣ ва ҷорисозии навъҳои нав зарур аст.

Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон вобаста ба шароити иқлимӣ навъҳои гуногуни картошка парвариш мешаванд. Машҳуртарини онҳо навъҳои «Пикассо», «Ред Скарлетт», «Гала» ва навъҳои маҳаллӣ мебошанд, ки дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии картошкапарварӣ таҳия шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.