Қазоқистон квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро кам кард

Вазорати меҳнати Қазоқистон квота барои ҷалби қувваи корӣ аз хорҷии кишварро барои соли 2025 муқаррар кардааст, хабар медиҳад Zakon.kz. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми квота 3% аз шумораи умумии қувваи кории ин кишвар муайян шудааст, ки ин ҳудуди 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли гузашта 0,1 банди фоизи камтар аст. Квота барои ҷалби […]

Вазорати меҳнати Қазоқистон квота барои ҷалби қувваи корӣ аз хорҷии кишварро барои соли 2025 муқаррар кардааст, хабар медиҳад Zakon.kz.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми квота 3% аз шумораи умумии қувваи кории ин кишвар муайян шудааст, ки ин ҳудуди 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли гузашта 0,1 банди фоизи камтар аст. Квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор соли 2024 дар ҳаҷми 3,1% ё 271,3 ҳазор нафар муқаррар гардида буд.

Ин фармон аз 17 январи соли 2025 ба иҷро медарояд.

Қазоқистон баъд аз Русия дуввумин кишвари маъмул барои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд дар оғоз муҳоҷирон камтар ба Қазоқистон мерафтанд, вале аз соли 2022, баъди ҷанги Украина ва махсусан баъди ҳодисаи “Крокус”, ки фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар зиёд шуд, ин омор афзоиш ёфт.

Ҳоло шумори дақиқи муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон маълум нест, чун қисме аз муҳоҷирон бо автобус тариқи масири Ӯзбекистон ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи иттилои расмӣ дар ин кишвар беш аз 10 ҳазор нафар кор мекунанд.

Зимнан, соли гузашта Қазоқистон ҳам будубоши муҳоҷирони корӣ дар ин кишварро сахттар кард. Муҳоҷирони корӣ дар 6 моҳ танҳо 90 рпӯз ё 3 моҳ метавонанд дар ин кишвар кор кунанд. Баъди 90 рӯзи будубош бояд кишварро тарк кунанд ва ҳамин тариқ, 3 пас дубора ҳақ доранд баргарданд. Ин талабот ба шаҳрвандони Тоҷикитсон ҳам дахл дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.