Мавқеи шиносномаи Тоҷикистон дар радабандии “Global Passport Power Rank 2025” як зина поин шуд

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии "Global Passport Power Rank 2025" як зина поин рафта, бо 73 хол дар ҷои 72-юм қарор гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ҷои 73-юм буд.  Дар ин радабандӣ давлатҳоро тибқи шумораи кишварҳое, ки ба онҳо бе раводид (виза), бо раводид дар марз ё бо иҷозатномаи электронӣ метавон сафар кард, баҳогузорӣ мекунанд. Шиносномаи […]

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии "Global Passport Power Rank 2025" як зина поин рафта, бо 73 хол дар ҷои 72-юм қарор гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ҷои 73-юм буд. 

Дар ин радабандӣ давлатҳоро тибқи шумораи кишварҳое, ки ба онҳо бе раводид (виза), бо раводид дар марз ё бо иҷозатномаи электронӣ метавон сафар кард, баҳогузорӣ мекунанд.

Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар бе раводид ба 27 давлат сафар кунанд ва дар 46 кишвар раводидро дар марз дарёфт кунанд. Аммо барои сафар ба 125 кишвари дигар тоҷикистонёнро зарур аст, ки қабл аз сафар раводид гиранд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо 96 имтиёз дар ҷои аввал аст. Дорандагони шиносномаи қазоқӣ метавонанд бе раводид ба 46 кишвар сафар кунанд ва дар 50 кишвар раводидро дар марз ба даст биёранд. Барои 102 давлати дигар ба онҳо пешакӣ гирифтани ҳуҷҷат лозим аст.

Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо доштани 78 холӣ дар ҷои 68-ум қарор доранд Барои шаҳрвандони ин ду кишвар реҷаи бе раводид дар 32 кишвар амал мекунад. Ба онҳо барои сафар ба 46 давлат дар марз раводид дода мешавад ва барои сафар ба 120 кишвар қаблан бояд раводид дарёфт кунанд.

Туркманистон бошад, бо 68 имтиёз ҷои 76-умро касб кардааст. Шиносномаи ин кишвар имкон медиҳад, ки бе раводид ба 18 давлат ворид шуда, барои сафар ба 50 давлат раводидро аз марз гирифт. Вале барои рафтан ба 130 кишвар гирифтани раводид аз қабл лозим аст.

Дар феҳристи навшудаи "Global Passport Power Rank" Амороти Муттаҳидаи Араб бо доштани 180 хол садрнишин аст. Онҳое, ки шиносномаи ин кишварро доранд, ба 133 давлат бе гирифтани раводид рафта метавонанд. Дар ҷои дуюм Испания ва дар ҷои сеюм якбора 14 кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Финландия, Суис (Швейтсария) ва дигар давлатҳо ҷойгир шудаанд.

Дар зинаҳои охири ин рӯйхат кишварҳои Сурия, Афғонистон, Ироқ ва Сомалӣ қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2024 ва соли 2023-юм дар ин радабандӣ дар ҷои 73-юм буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.