Ихроҷи иҷбории 80 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия дар соли 2024

Дар соли гузашта беш аз 80 ҳазор муҳоҷир бо далели нақзи қоидаҳои будубоши муҳоҷират аз Русия маҷбуран ихроҷ карда шуданд. Дар ин бора хабаргузории "ТАСС" бо такя ба мақомоти ин кишвар иттилоъ додааст. Ин теъдод қариб як баробар бештар аз соли 2023 аст. Дар ин сол беш аз 44,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз […]

Дар соли гузашта беш аз 80 ҳазор муҳоҷир бо далели нақзи қоидаҳои будубоши муҳоҷират аз Русия маҷбуран ихроҷ карда шуданд. Дар ин бора хабаргузории "ТАСС" бо такя ба мақомоти ин кишвар иттилоъ додааст.

Ин теъдод қариб як баробар бештар аз соли 2023 аст. Дар ин сол беш аз 44,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 60 кишвар аз Русия ихроҷ шуда буданд.

Дар соли 2022 бошад 26,6 ҳазор муҳоҷир ва шахсони бешаҳрванд аз Русия ихроҷ гардида буданд.

Қаблан як намояндаи аз Додгоҳи Русия ба "ТАСС" гуфта буд, ки "аз соли 2017 то соли 2022 ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷир барои нақзи қонуни муҳоҷират азин кишвар ихроҷ шудаанд".

Ба гуфтаи манбаъ, ихроҷи иҷбории муҳоҷирон тибқи қарори додгоҳ сурат гирифтааст. Маълум нест, ки муҳоҷирони ихроҷшуда шаҳрвандони кадом кишвар буданд.

Аксаран муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таъмини рӯзгори худ ба Русиямераванд. Онҳо соли гузашта беш аз ҳарвақта аз сӯи мақомоти ин кишвар зери таъқибу фишор қарор гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар соли 2024-ум 18 ҳазор муҳоҷир аз шаҳри Маскав ихроҷ карда шудаанд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон будаанд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд. 

Аз ҷумла давоми гузашта дар беш аз 10 минтақаи Русия корҳои гуногун барои муҳоҷиронро манъ карда, қонунҳои дигари ин кишварро пурзӯр карданд.

Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.