Хидматрасониҳо бояд пурра рақамӣ шаванд. Солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шуд

Имрӯз, 8-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони эълон кардани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” –ро имзо кард. Дар ин панҷсола бояд ҳамаи хидматрасониҳои давлатӣ рақамӣ карда шуда, барои сокинон дастрас ва осон шавад. Дар асоси фармон, ба ҳукумати кишвар супориш шудааст, ки дар муддати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи […]

Имрӯз, 8-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони эълон кардани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” –ро имзо кард. Дар ин панҷсола бояд ҳамаи хидматрасониҳои давлатӣ рақамӣ карда шуда, барои сокинон дастрас ва осон шавад.

Дар асоси фармон, ба ҳукумати кишвар супориш шудааст, ки дар муддати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи ин ташаббус таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод кунанд.

Дар тавзеҳоти фармон зикр мешавад, ки ин иқдом ба густариши рақамикунонӣ ва равандҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, ин раванд шаффофияти иқтисод ва молияро таъмин карда, қонунгузорӣ ва санадҳои лозимиро барои рушди иқтисоди рақамӣ такмил медиҳад.

Дар тавзеҳоти фармон гуфта мешавад, ки эълони панҷсолаи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия имкон медиҳад, ки дар кишвар инфрасохтори рақамӣ рушд ёфта, марказҳои махсуси коркарди маълумот ва махзани ягонаи миллии маълумот ташкил гардад.

Манбаъ навиштааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши кадрҳо дар бахши технологияҳои иттилоотӣ омӯзишу бозомӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар роҳандозӣ мегардад.

“Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад”, – навиштааст хадамоти матбуот.

Таъкид шудааст, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ барномасозон ва мутахассисон омода карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр зимни паёми солонааш ба парлумон гуфта буд, ки барои густариши равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир ҳукумат кӯшиш дорад, дар ҳамаи соҳаҳо рақамикунониро ҷорӣ кунанд. Дар ин замина чораҳо низ андешида шудааст, аз ҷумла ҷорӣ кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар тамоми кишвар. Мақомот яке аз ҳадафҳои аслии ин иқдомро коҳиши фасод дар кишвар унвон карда буданд.

Вале ин раванд бо сабабҳои паст будани суръат ва сифати интернет, инчунин сатҳи пасти маърифати истифода аз технологияҳои рақамӣ ба таври зарурӣ иҷро намегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.