“Дар умрам ба касе пора надодаам”. Номаи Аҳмади Иброҳим аз боздоштгоҳ ба унвонии Рустами Эмомалӣ

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Пайк”, ки ҳоло дар боздошт аст, бо ирсоли як мактуб аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки ба додаш бирасад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода навиштааст, ки нома дар моҳи декабри соли 2024 навишта шуда, рӯзи 9-уми январ ба дасти […]

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Пайк”, ки ҳоло дар боздошт аст, бо ирсоли як мактуб аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки ба додаш бирасад.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода навиштааст, ки нома дар моҳи декабри соли 2024 навишта шуда, рӯзи 9-уми январ ба дасти ин расона расид.

Ӯ гуфтааст, бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.

"Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?" – навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш ба Рустами Эмомалӣ.

Бо гузашти шаш моҳ аз боздошти Аҳмади Иброҳим мақомот ҳанӯз парвандаи ӯро шарҳ надодаанд. Худаш гуфтааст, ҳар пуле, ки барои обунаи ҳафтаномаи "Пайк" ба воситаи "Душанбе Сити Бонк" гузаронда шуд, "тамаъҷӯӣ" арзёбӣ шуд.

Пештар манбаъҳои ин расона навишта буд, ки даҳҳо мансабдору тоҷири маҳаллӣ аз ҷониби додситонӣ бозпурсӣ мешаванд ва онҳоро барои шоҳидӣ додан алайҳи Аҳмади Иброҳим маҷбур мекунанд. Ин рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик дар номаҳояш гуфтааст, аз 13 шоҳид дар мурофиаҳо касе зидди ӯ гап назад.

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк", дар моҳи августи соли 2024 дастгир шуд. Мақомот ӯро ба "ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" гумонзад дониста, вале шарҳ надодаанд.

Худаш иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, "агар касе гумон дорад, ки журналистонро роҳбарияти ҳукумат ба маҳбас кашидааст, хато мекунад". Вай боздошташро кори дасти "як раис ва ду корманди мақомот" номида, вале аз касе ном нагирифтааст.

Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.

Боздошту иттиҳоми зидди ӯ низ ба кори нашрияаш пайванд мегирад. Вазорати фарҳанг иҷозатномаи кори онро дароз накард ва ӯ гуё барои дастрас кардани иҷозатнома ба як маъмури КДАМ ду ҳазор сомонӣ пешниҳод кардааст. Иттиҳоме, ки худу дӯстонаш онро сохта ва парвандаи ӯро интиқомгирӣ барои матлабҳои танқидиаш меноманд.

Рӯзи 12-уми декабр Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз гуфта буд, ки Аҳмади Иброҳим "бар асоси иттиҳомҳои сохта ба ҷавобгарӣ кашида шудааст".

Дар ҳоле ки созмонҳои байналмилалӣ аз сарнавишти Аҳмади Иброҳим изҳори нигаронӣ мекунанд, ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин маврид сукут ихтиёр кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.