Таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия. Чӣ тавр метавон ҳуҷҷат супорид?

Русия донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои ин кишвар даъват кардааст. Ба навиштаи “Россотрудничество” дархостҳо то 15-уми январ қабул карда мешаванд ва довталабон метавонанд барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура ҳуҷҷат супоранд. Қабули ҳуҷҷатҳо танҳо онлайн тариқи сомонаи расмии "education-in-russia.com" сурат мегирад. Дар марҳилаи аввал, танҳо ин се чиз талаб карда мешавад: […]

Русия донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои ин кишвар даъват кардааст. Ба навиштаи “Россотрудничество” дархостҳо то 15-уми январ қабул карда мешаванд ва довталабон метавонанд барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура ҳуҷҷат супоранд.

Қабули ҳуҷҷатҳо танҳо онлайн тариқи сомонаи расмии "education-in-russia.com" сурат мегирад.

Дар марҳилаи аввал, танҳо ин се чиз талаб карда мешавад:

1. Сати ном дар сомонаи education-in-russia.com;

2. Интихоби донишгоҳ ва барномаи таҳсил;

3. Пур кардани пурсишнома тариқи онлайн ва ирсоли он барои санҷиш (дар пурсишнома рӯйхати ҳуҷҷатҳо замима мешавад).

Марҳалаи дуввуми қабул баъди натиҷаи марҳалаи аввал эълон мешавад. Онҳое, ки аз марҳалаи якум гузаштанд, ба марҳалаи дуввум даъват мешаванд.

Барои маълумоти бештар тариқи рақамҳои (+992 37) 221-89-47 (дар Душанбе) ва (+992 34) 226-02-22 (дар Хуҷанд) метавонед тамос гиред ва ё ба суроғаи электоронии [email protected] паём ирсол кунед.

Ёдрас мешавем, ба маълумоти вазорати маориф ва илми кишвар дар донишгоҳҳои Русия 33 ҳазору 178 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад, ки ин теъдод байни давлатҳое, ки донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсил фаро гирифтааст, бештарин аст. Баъд аз Русия аксари донишҷӯёни тоҷик дар Чин ва Қазоқистон таҳсил мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар паёми охири худ ба парлумони кишвар гуфт, то имрӯз 117 ҳазор ҷавони тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои 42 кишвари ҷаҳон фиристода шудаанд ва имрӯз 42 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа таҳсил доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.