Хадамоти назорати санитарӣ кори зиёда аз 650 иншоотро муваққатан боздошт

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон давоми соли гузашта фаъолияти 651 иншоотро бо сабаби риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ муваққатан боздошт. Дар ин бора зимни машварати солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода шуд. Ба иттилои манбаъ, баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ зиёда аз 16,8 ҳазор иншоот мавриди санҷиш […]

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон давоми соли гузашта фаъолияти 651 иншоотро бо сабаби риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ муваққатан боздошт. Дар ин бора зимни машварати солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ зиёда аз 16,8 ҳазор иншоот мавриди санҷиш қарор гирифта, дар онҳо қонуншиканиҳои сершумор ошкор шуданд. Фаъолияти чанде аз сартарошхонаву тарабхона, кошонаҳои ҳусн, нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ва дигар иншоот муваққатан қатъ шуд.

Дар ҷараёни санҷиш беш аз 11 ҳазор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 413 тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта ба маблағи 5,14 млн сомонӣ мусодира ва нобуд карда шуданд.

Дар машварат зикр шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон 3342 муассисаи дорусозӣ амал мекунанд, ки аҳолӣ ва муассисаҳои тиббиро бо воситаҳои доруворӣ ва маҳсулоти таъиноти тиббӣ таъмин мекунанд.

Гуфта мешавад, дар соли 2024 барои машғул шудан ба фаъолияти дорусозӣ (фарматсевтӣ) ва муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда 257 иҷозатнома дода шуд.

Зикр шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 67 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 598 намуд ва 351 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди  гиёҳҳои шифобахши  ватаниро ба роҳ мондаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023, мутаносибан 6 корхона, 27 намуд ва 26 номгуй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.