Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд

Сокинон ва муҳоҷирон аз деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич дар вилояти Суғд 2,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда, 12 километр роҳи деҳаи худро таъмир кардаанд. Ин деҳа бештар аз 10 ҳазор сокин дошта, роҳҳои он солҳо инҷониб таъмирталаб буд. Ҳофизиддин Нуриддинзода, яке аз сокинони ин деҳа, ки дар ҷамъоварии маблағу таъмири роҳ саҳм гузоштааст, мегӯяд, иқдоми мазкур моҳи […]

Сокинон ва муҳоҷирон аз деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич дар вилояти Суғд 2,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда, 12 километр роҳи деҳаи худро таъмир кардаанд. Ин деҳа бештар аз 10 ҳазор сокин дошта, роҳҳои он солҳо инҷониб таъмирталаб буд.

Ҳофизиддин Нуриддинзода, яке аз сокинони ин деҳа, ки дар ҷамъоварии маблағу таъмири роҳ саҳм гузоштааст, мегӯяд, иқдоми мазкур моҳи ноябри соли 2024 оғоз шуд ва 15-уми декабр, тақрибан дар муддати 45- рӯз 12 километр роҳи деҳа васеъ ва шағалпӯш карда шуд.

“Худи сокинони деҳа 888 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карданд. Бо 865 ҳазор сомонӣ бари роҳ аз 6 то 14 метр васеъ, шағалпӯш ва дар канори он қубури обрав партофта шуд”, – гуфт Ҳофизиддин Нуриддинзода.

Ӯ мегӯяд, ҳоло бештар аз 20 ҳазор сомонии дигар боқӣ мондааст ва ба замми ин, муҳоҷирон меҳнатӣ аз ин деҳа низ барои таъмири роҳ маблағ фиристодаанд.

“Чандин сокини деҳа, ки дар Русия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд, низ аз саҳмгузорӣ канор намонданд ва барои таъмири роҳ 15 миллион рубли русӣ (муодили 1,6 миллион сомонӣ) ирсол карданд. Ирсоли пул аз муҳоҷирон то ҳол идома дорад”, – зикр кард Ҳофизиддин Нуриддинзода.

Ӯ гуфт, ҳадаф доштанд бо пули ирсолкардаи муҳоҷирон роҳи васеъ ва шағалпӯшшударо мумфарш кунанд, аммо мутахассисони роҳсозӣ тавсия додаанд, ин корро фасли баҳор, пас аз поёни сардиҳо анҷом диҳанд.

“Хулоса кардем, ки пули ҷамъшударо дар хазина нигоҳ дорем ва баҳор бо он роҳро мумфарш кунем”, – гуфт Ҳофизиддин Нуриддинзода.

Ғайр аз ин, баъзе аз сокинони деҳа дар алоҳидагӣ низ дар таъмиру тармими роҳ саҳм мегузоранд. Масалан, Ҳусейни Мирзоҳақим  ва додараш Оятуллоҳи Мирзоҳақим иқдом кардаанд, 3 клометри роҳи деҳаи Росровутро мушфарш кунанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати таъмири роҳ дар Тоҷикистон бо пули сокинон ва муҳоҷирон нест. Қаблан низ сокинони манотиқи гуногуни кишвар барои таъмири роҳи минтақаашон ҳам худ ва ҳам аз ҳисоби ҳаммаллаҳои муҳоҷирашон пул ҷамъ карда буданд.

Аз ҷумла, соли 2022 бо саҳми соҳибкорони ноҳияи Ашт 94 километр роҳи “Хуҷанд-Ашт” мумфарш карда шуд.

Дар ноҳияи Восеъ низ бо иқдоми муҳоҷирон ҳам роҳ ва ҳам худи деҳа обод карда шуд.

Соли 2024 бошад, дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо саҳмгузории чанд нафаре аз сокинони деҳаҳои Суғдиён ва Ободӣ, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, қариб 4 километр роҳи ҷамоати Бунҷикат мумфарш карда шуд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.