Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард

То соли 2027 дигар ҳеҷ ниҳоде ба истиснои мақомоти андоз ҳақ надорад, ки фаъолияти соҳибкорон дар Тоҷикистонро санҷиш кунанд. Фармони президент дар бораи эълони мараторий дар санҷиши фаъолияти соҳибкорон дирӯз, 10-уми январи соли равон ба имзо расид. Хадамоти матбуоти президенти кишвар бо нашри фармон ва тавзеҳот ба он навишт, ки он бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам […]

То соли 2027 дигар ҳеҷ ниҳоде ба истиснои мақомоти андоз ҳақ надорад, ки фаъолияти соҳибкорон дар Тоҷикистонро санҷиш кунанд. Фармони президент дар бораи эълони мараторий дар санҷиши фаъолияти соҳибкорон дирӯз, 10-уми январи соли равон ба имзо расид.

Хадамоти матбуоти президенти кишвар бо нашри фармон ва тавзеҳот ба он навишт, ки он бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ татбиқ мешавад.

Мораторий аз 10-уми январи соли 2025 то 1 январи соли 2027 амал мекунад.

Тибқи фармони мазкур ҳукумати кишвар дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати татбиқи ин мораторий пешниҳод менамояд.

Ба иттилои манбаъ, муқаррароти Қонуни ҶТ  "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ", ки мораторийро танзим мекунад, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амал намекунад.

Бояд гуфт, ки дар ин мораторий санҷишҳои мақомоти андоз истисно аст. Кумитаи андоз барои татбиқи пардохти андоз имкон дорад фаъолияти соҳибкоронро санҷад.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми охирини худ дар баробари ситоиши соҳибкорон, ҳамчунин аз санҷишҳои беасоси бархе мақомот аз фаъолияти онҳо нигаронӣ кард.

“Маълумотҳо ҳаст, ман омӯхта баромадам, баъзан ширкатҳо, корхонаҳо, ки  масалан бо коркарди металҳои қимматбаҳо машғул аст, дар як сол 40, 25 маротиба санҷида шудаанд, лекин натиҷаи санҷиш сифр аст. “Маълум аст, ки дар инҷо санҷиш нест. Дигар, барои амалӣ кардани дигар кор аст. Мо ба ин корҳо хотима мебахшем”, -гуфт роҳбари давлат.

Бо ишора ба ин ӯ пешниҳод кард, ки дар робита ба санҷиши фаъолияти соҳибкорон дар кишвар мараторий эълон шавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки соҳибкорон солҳост аз санҷишҳои мақомот ва ҷаримаҳои сангин шикоят мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар кишвар давоми солҳои 2008 – 2022 дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд: солҳои 2008, 2011, 2018, 2022.

Хадамоти матбуотии перизент гуфтааст, мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.