Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бори дигар шаҳрвандонро барои кор дар Давлати Қатар барои соли 2025 даъват менамояд.  Вазорат рӯйхати касбу ихтисоҳоеро, ки дар ин кишвар серталаб аст, нашр кард. Мутахассисон аз ҷумла, ба самтҳои зерин даъват мешаванд: Хоҷагиҳои фермерӣ: – оператори калони коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар […]

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бори дигар шаҳрвандонро барои кор дар Давлати Қатар барои соли 2025 даъват менамояд.  Вазорат рӯйхати касбу ихтисоҳоеро, ки дар ин кишвар серталаб аст, нашр кард.

Мутахассисон аз ҷумла, ба самтҳои зерин даъват мешаванд:

Хоҷагиҳои фермерӣ:

– оператори калони коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

– техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

– техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нӯшокиҳо;

– корманди озмоишгоҳ (лаборант), бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нушокиҳо;

– назоратчии системаи ETP/RO, дорои дипломаи дараҷаи бакалавр дар муҳандисии кимиёвӣ;

– ширҷушӣ;

Мутахасисони соҳаи автомобилсозӣ ва таъмири автомобилҳо аз қабили:

– назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи автомобилсозӣ;

– механики дизел;

– ёрдамчӣ дар анборҳои мошинҳои боркаш.

Аз ҷониби корфармо чунин афзалиятҳо пешниҳод карда мешавад:

– музди меҳнат аз 550доллари ИМА боло вобаста ба ихтисос;

– харидории билет ва раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ ва корти нақлиётии ройгон, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пешбинӣ мегардад;

– кор танҳо барои шаҳрвандони донандагони забонҳои англисӣ ё арабӣ пешниҳод карда мешавад;

– синну сол: аз 20-40 сола ;

– барои номнавис кардан бояд CV-и худро бо забони англисӣ пешниҳод намоед.

Ёдрас мекунем, ки қаблан намояндагони Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Қатар ҷузъиёти ба кор фиристодани шаҳрвандон ба ин кишварро баррасӣ карданд.

Моҳи ноябри соли гузашта вазири меҳнати Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ дидору гуфтушунид кард.

Зимни вохӯрӣ масоили ба қайд гузоштан, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва шароити будубош дар Қатар баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон Русия то ҳол самти асосии муҳоҷирати корӣ боқӣ мемонад. Аммо дар ин ҷо тоҷикистониён аксар вақт бо мушкилот, аз қабили фишору ихроҷ қарор мегиранд.

Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи имконот барои муҳоҷирати корӣ ба дигар кишварҳо фаъолона кор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.