Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад

Тоҷикистон дар радабандии “Индекси рушди ҳукумати электронӣ 2024” (E-Government Development Index-2024)-и СММ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охир қарор дорад. Дар доираи ин радабандӣ рушди рақамии 193 кишвар баҳогузорӣ шуда, Тоҷикистон бо натиҷаи умумии 0,56 (нишондиҳандаи EGDI) мақоми 123-юмро касб мекунад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон (EGDI – 0,90) дар зинаи нисбатан баландтар (24-ум) […]

Тоҷикистон дар радабандии “Индекси рушди ҳукумати электронӣ 2024” (E-Government Development Index-2024)-и СММ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охир қарор дорад.

Дар доираи ин радабандӣ рушди рақамии 193 кишвар баҳогузорӣ шуда, Тоҷикистон бо натиҷаи умумии 0,56 (нишондиҳандаи EGDI) мақоми 123-юмро касб мекунад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон (EGDI – 0,90) дар зинаи нисбатан баландтар (24-ум) қарор гирифта, Ӯзбекистон дар зинаи 63-юм (0,80), Қирғизистон – 78-ум (0,73) ва Русия – 43-юм (0,85) ҷойгир шудаанд.

Дар сегонаи пешсафтарин кишварҳо аз рӯи рушди ҳукумати электронӣ дар соли 2024 Дания (0,98), Эстония (0,97) ва Сингапур (0,96) ҷой гирифтанд. ИМА дар ҷои 19-ум (0,92) ва Чин дар ҷои 35-ум (0,87) ҷойгир шудаанд. Сомалӣ (0,15), Судони Ҷанубӣ Судон (0,12) ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (0,09) дар зинаҳои охири радабандӣ мебошанд.

Кишварҳо тибқи натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба 4 категория тақсим мешаванд:

– кишварҳо бо нишондиҳандаи хеле баланд (0,75 – 1);

– кишварҳо бо нишондиҳандаи баланд (0,5 – 0,75);

– кишварҳо бо нишондиҳандаи миёна (0,25 – 0,5);

– кишварҳо бо нишондиҳандаи паст (0 – 0,25).

Мутаносибан бо нишондиҳандаи умумии 0,56 Тоҷикистон ба гурӯҳи “кишварҳо бо нишондиҳандаи баланд” дохил мешавад. Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон (0,73), Қазоқистон (0,90), Ӯзбекистон (0,80) ва Русия ба гурӯҳи “кишварҳо бо нишондиҳандаи хеле баланд” шомил шудаанд.

Индекси EGDI аз се нишондиҳанда иборат аст:

– индекси инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, ки ба маълумоти Иттиҳоди байналмилалии алоқа (МСЭ) асос ёфтааст;

– индекси сармояи инсонӣ, ки бар асоси маълумоти ЮНЕСКО таҳия шудааст;

– индекси хизматрасониҳои онлайн, ки бар пояи пурсишҳои ҷомеашиносии Департаменти рушди иқтисодиву иҷтимоии СММ таҳия шудааст.

Тоҷикистон нисбатан баландтар дар Индекси сармояи инсонӣ (0,65) баҳогузорӣ шудааст. Нишондиҳандаи кишвар дар Индекси инфрасохтори телекоммуникатсионӣ 0,58 ва дар Индекси хизматрасониҳои онлайн – 0,44-ро ташкил медиҳад.

Тақсимоти кишварҳо дар Индекси рушди ҳукумати электронӣ дар соли 2024: 39% (76 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои хеле баланд; 32% (62 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои баланд; 23% (44 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои миёна ва 6% (11 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои паст.

Индекси рушди ҳукумати электронӣ аз ҷониби Департаменти рушди иқтисодиву иҷтимоии СММ аз соли 2001 ҳар ду сол як маротиба нашр мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.