Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад

Ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Новосибирск бори дигар барқарор шуд. Хатсайри мазкур бинобар пандемияи Covid-19 муваққатан қатъ гардида буд, ки бо ташаббуси соҳибкорони тоҷик ва рус дубора барқарор шуд. Ин хатсайри мусофирбариро якҷоя ҶСК “Сорбон”, “Новосибирскгортранс” ва соҳибкори инфиродӣ Исоҳоҷиев ташкил мекунанд. Дар ҶСК “Сорбон” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сафарҳо ҳар ду рӯз як […]

Ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Новосибирск бори дигар барқарор шуд. Хатсайри мазкур бинобар пандемияи Covid-19 муваққатан қатъ гардида буд, ки бо ташаббуси соҳибкорони тоҷик ва рус дубора барқарор шуд.

Ин хатсайри мусофирбариро якҷоя ҶСК “Сорбон”, “Новосибирскгортранс” ва соҳибкори инфиродӣ Исоҳоҷиев ташкил мекунанд.

Дар ҶСК “Сорбон” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сафарҳо ҳар ду рӯз як маротиба анҷом дода мешаванд ва Сафари аввал аллакай пагоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Сафари аввал барои 14-уми январ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ҷадвал, автобус аз Хуҷанд соати 22:20 ба роҳ мебарояд ва пас аз 50 соату 30 дақиқа ба Новосибирск мерасад.

Аз Новосибирск низ сафарҳо ҳар ду рӯз як маротиба сурат мегиранд ва автобус соати 10:25 ба роҳ мебарояд.

Роҳкиро аз ҷониби Тоҷикистон 1000 сомонӣ ва аз ҷониби Русия 9 ҳазор рубли русӣ аст.

Ба гуфтаи ширкати мазкур, ғайр аз Новосибирск, автобусҳои онҳо ҳоло аз Хуҷанд ба Тюмен ва Сургут низ равуо мекунанд.

Тибқи ҷадвал, автобусҳо ба Тюмень соати 20:00 рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ мебароянд.

Хатсайри Хуҷанд – Сургут бошад, рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе соати 16:40 ба роҳ мебароядд. Автобусҳое, ки аз Русия меоянд, дар истгоҳи мусофирбарии “Роҳи абрешим” дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд таваққуф мекунанд.

“Барқарор шудани ин хатсайрҳо робитаҳои нақлиётиро байни Тоҷикистон ва Русия мустаҳкам намуда, сафар барои мусофирони ҳар ду кишварро осон мекунад”, – таъкид кард намояндаи ҶСК “Сорбон”.

Бояд гуфт, ки оғози ин хатсайри автобус ҳанӯз моҳи ноябри соли 2024 эълон шуда буд. Ин масъала дар “Ҳафтаи нақлиёт” дар шаҳри Москва дар доираи гуфтушунидҳо миёни вазирони нақлиёти Русия Роман Старовойт ва Тоҷикистон Азим Иброҳим баррасӣ шуда буд.

Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба вазирон нақшаҳои кушодани дигар хатсайрҳои автобусӣ аз Тоҷикистон ба Русияро низ баррасӣ карданд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар зарурати барқарор намудани ҳаракати қатораҳо байни Душанбе ва Москва (ҳоло қатораҳо танҳо то Волгоград мераванд) ва кушодани хатсайрҳои байналмилалии автобусӣ, аз қабили “Бохтар – Москва”, “Хуҷанд – Қазон”, “Хуҷанд – Москва” ва “Хуҷанд – Екатеринбург”-ро таъкид намуд.

Ёдовар мешавем, ки хатсайри байни Душанбе ва Москва соли 2023 тавассути ширкати “Asian Express” дубора ба роҳ монда шуда буд. Аммо айни замон он муваққатан қатъ гардида, гуфта мешавад, ки дар фасли баҳор дубора фаъол хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.