UFC: Пирӯзии Муин Ғафуров бар размикори ҷопонӣ

Размикори тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи UFC 311 дар толори “Интют Доум”-и Лос Анҷелес (ИМА) варзишгари Ҷопон Риня Накамураро мағлуб кард. Рақобат давоми се раунди пешбинишуда идома ёфта, бо қарори якдилонаи доварон  (30-27, 30-27, 30-27) Ғафуров ғолиб дониста шуд. Барои размикор аз Тоҷикистон ин дуюмин пирӯзии пайдарпай ва 20-умин дар фаъолияти ҳунариаш аст […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Размикори тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи UFC 311 дар толори “Интют Доум”-и Лос Анҷелес (ИМА) варзишгари Ҷопон Риня Накамураро мағлуб кард.

Рақобат давоми се раунди пешбинишуда идома ёфта, бо қарори якдилонаи доварон  (30-27, 30-27, 30-27) Ғафуров ғолиб дониста шуд. Барои размикор аз Тоҷикистон ин дуюмин пирӯзии пайдарпай ва 20-умин дар фаъолияти ҳунариаш аст (20-6). Рақиби ӯ ҷопонии то ҳол таъми бохтро начашида Риня Накамура (9-1) то ин дам дар се қувваозмоӣ дар UFC дастболо шуда буд.

Дар давоми тамоми муддати рақобат Муин бартарӣ дошта, талош мекард, ки қувваозмоиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонад.

Аз рӯйи натиҷаҳои се раунд доварон якдилона Ғафуровро ғолиб донистанд, ҳарчанд букмекерон бештар ғалабаи ҷопониро пешгӯӣ карда буданд.

Пас аз ду бохт дар рақобатҳои аввал Муин Ғафуров акнун ба пирӯзии дуюм дар лигаи пурзӯртани ноил гардид. Накамура дар давоми тамоми муддати фаъолияти варзишии худ бори аввал шикаст хӯрд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.