Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ оғоз шуд. Барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён яке аз масъалаҳои баррасишаванда аст

Дар Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи 21-ум, даъвати шашуми ин ниҳод оғоз гардид. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдории Душанбе иттилоъ додааст. Дар иҷлосия 44 масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Бояд гуфт, додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва […]

Asia-Plus

Дар Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи 21-ум, даъвати шашуми ин ниҳод оғоз гардид. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдории Душанбе иттилоъ додааст.

Дар иҷлосия 44 масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва ба ин вазифа таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, инчунин аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шермуҳаммад Шоҳиён ва ба ин вазифа таъин намудани Рустам Мирзозода аз масъалаҳое аст, ки дар назар аст, зимни иҷлосия баррасӣ карда шавад.

Фармони барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён моҳи январ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар имзо гардид ва барои ризоият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол  шуда буд.

Ба ҷойи Юсуф Раҳмон, Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шудааст, ки то ин дам дар мақоми Додситони ҳарбӣ кор мекард. Мақоми нави Юсуф Раҳмон, ки даҳ соли ахир Додситони кул буд, феълан маълум нест.

Ба ҷойи Шермуҳаммади Шоҳиён, ки дар садри рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор дорад, дар мансаби раиси Додгоҳи олӣ номзадии Рустам Мирзозода пешниҳод шудааст. Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд.

Қарор аст, зимни ҷаласаи Маҷлиси миллӣ Додситони кул дар бораи раванди иҷрои қонунҳо дар кишвар гузориш диҳад.

Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 аъзо дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.