“Арзон будан маънои хатарнок буданро надорад”. “Тоҷикстандарт” сифати гӯшти аз Белорус воридшавандаро шарҳ дод

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” воридоти гӯшт аз Белорусро "танзим нархи ин намуди маҳсулот дар бозори дохилии кишвар" унвон кард ва гуфт, “арзон будани нархи гӯшти аз Белорус воридшаванда маънои хатарнок будани онро надорад”. Мирзоён Раҳмоншо, муовини аввали директори ин агентӣ дирӯз, 3-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гӯште, ки аз аз Белорус ворид мешавад, “безарар буда, аз […]

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” воридоти гӯшт аз Белорусро "танзим нархи ин намуди маҳсулот дар бозори дохилии кишвар" унвон кард ва гуфт, “арзон будани нархи гӯшти аз Белорус воридшаванда маънои хатарнок будани онро надорад”.

Мирзоён Раҳмоншо, муовини аввали директори ин агентӣ дирӯз, 3-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гӯште, ки аз аз Белорус ворид мешавад, “безарар буда, аз санҷиши ин агентӣ гузаштааст”.

Ин намояндаи “Тоҷикстандарт”  ба суоли ботакрори хабарнигорон вобаста ба “ҳалол” будани он, аз ҷумла тарзи забҳи ҳайвонот посухи тасдиқкунанда надод, танҳо гуфт, “бехатар аст”.

“Белорус яке аз давлатҳои аз ҷиҳати кишоварзӣ пешрафта ва содиркунандаи маҳсулоти гуштӣ буда, ҳатто Русия аз Белорусия гӯшт ворид мекунад. Ягон ҷойи шубҳа надорад. Баҳазур метавонед истеъмол кунед”, – илова кард Мирзоён Раҳмоншо..

Ба иттилои ӯ, соли гузашта Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон аз Белорусия ба кишвар гӯшт ворид кард. Ба чӣ миқдор нагуфт.

Бояд гуфт, соли гузашта дар кишвар нархи гӯшт ба таври бесобиқаа  гарон шуда, ба 90-120 сомонӣ боло рафт.

Масъулини вазорати кишоварзӣ дар нишасти хабарии қаблӣ поён наомадани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба он ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа рабт дода буданд.

Вобаста ба сабабҳои аслии болоравии нархи гӯшт дар кишвар дар маводи таҳлилии "Азия-Плюс" "Душвор аст. Чаро дар Тоҷикистон гӯшт якбора хеле қимат шуд?" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.