Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад

Дар яке аз шаҳр ё ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои тарбия ва омодагии бозингарони ҷавон Академияи футбол бунёд мешавад. Зимни вохӯрии корӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар рӯзи 3 феврал президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ чунин дастур додааст. Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дода шуд, […]

Дар яке аз шаҳр ё ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои тарбия ва омодагии бозингарони ҷавон Академияи футбол бунёд мешавад. Зимни вохӯрии корӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар рӯзи 3 феврал президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ чунин дастур додааст.

Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо ФФТ  ҷойи сохтмони Академияро муайян карда, ба амалисозии лоиҳа оғоз кунанд. Ба гуфтаи президенти ФФТ, бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд. Академия барои тарбия ва рушди бозингарони маҳаллӣ шароит фароҳам оварда, ба тайёр кардани кадрҳо барои дастаҳои ва мунтахаби миллӣ имкон медиҳад.

Ҳамчунин баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол дар минтақа миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон ба нақша гирифта шудааст.

Раиси ФФТ аз намояндагони бонкҳои Тоҷикистон даъват кард, ки дар самти дастгирии футбол фаъол бошанд ва аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, дастгирӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки аввалин Академияи футбол дар Тоҷикистон аз ҷониби дастаи “Истиқлол” моҳи марти соли 2012 дар шаҳраки Алмосии Ҳисор кушода шуд. Дар он футболбозони болаёқати навраси синни аз 12 то 16-сола аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таълим мегиранд. Тарбиятгирандагони болаёқат ва ояндадор ба захираи даста шомил гардида, метавонанд дар ҳайати асосӣ бозӣ кунанд.

Фаъолияти Академия ба тарбияи насли нави футболбозон ва рушди футбол дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, ки то ки он ба сатҳи нав бароварда шавад.

Ғайр аз ин, соли 2022 дар Душанбе Академияи “Ювентус” боз шуд. Дар он кӯдакону наврасони аз 5 то 16-сола таълим мегиранд.Таълиму омӯзиш пулакӣ аст. Дар баробари ин ҳар сол ба ҳар як гурӯҳи синнусолӣ то 5 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гирифта мешаванд, ки бепул таълим мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.