Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъалаи шикояти баъзе аз волидайни мактабҳои ноҳия барои хариди иҷбории пойафзорҳо аз як ширкати маҳаллиро бепоя хонд, вале бунёди коргоҳро “боиси ифтихори ноҳияҳо” гуфт. Моҳи сентябри соли гузашта бархе волидайни хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карданд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ онҳоро маҷбур доранд, аз корхонаи маҳаллии “Фароғатбону” барои […]

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъалаи шикояти баъзе аз волидайни мактабҳои ноҳия барои хариди иҷбории пойафзорҳо аз як ширкати маҳаллиро бепоя хонд, вале бунёди коргоҳро “боиси ифтихори ноҳияҳо” гуфт.

Моҳи сентябри соли гузашта бархе волидайни хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карданд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ онҳоро маҷбур доранд, аз корхонаи маҳаллии “Фароғатбону” барои фарзандонашон пойафзори мактабии замистона харанд.

Он замон масъулини ҳукумат, шуъбаи маорифи ноҳия ва соҳиби корхона мегӯянд, ин маҷбурӣ нест, вале “истеҳсоли ватаниро бояд дастгирӣ кард”.

Нусратулло Салимзода зимни нишасти матбуотӣ тарғиби пойафзолҳои истеҳсоли “Фароғатбону”-ро сиёсати дастгирии соҳибкрони ватанӣ унвон кард ва гуфт, “танҳо дар ноҳияи  мо не, дар тамоми ҷумҳурӣ ҷараён дорад”.

“Барои ноҳияи фахри калон аст ки соҳиби корхонаи пояфзолдузӣ аст.  Шахсан худи ман ҳам аз ҳамин ҷо пойафзол мегирам. Сифаташ ҳам  бад нест. То имрӯз даҳ бор назди мо ҳам буданд (кӣ ва чаро шаҳр надод-аз муаллиф) ва мо фаҳмонидем, ки касе лозим донад харидорӣ мекунад”, – гуфт Нусратулло Салимзода

Раис гуфт, “ягон мактабро барои пойафзолхарӣ аз ҶДММ “Фароғатбону” нақшабандӣ ва маҷбур накардаем ва танҳо корбарӣ мекунем”.

Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, хариди сару либоси мактабӣ, аз ҷумла пройафзорро ба танзим намедарорад ва сокинон имкон доранд, дар дилхоҳ ҷой сару либоси мактабӣ харанд.

Бо ин вуҷуд, ҳамасола дар кишвар дар робита ба хариди иҷбории сару либоси мактабӣ аз сӯи волидайни хонандагон шикоятҳо расонаӣ мешавад. Онҳо нигаронӣ мекунанд, ки роҳбарияти мактабҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки аз ширкатҳои муайян сару либос харидорӣ кунанд ва “чек”-ашро ба онҳо пешниҳод намоянд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.