Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт

Юсуф Раҳмон, додситони кулли пешини Тоҷикистон баъди як рӯзи тасдиқи барканориаш аз сӯи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ 10 соли охир (ду давраи 5- сола) додситони кулли Тоҷикистон буд ва рӯзи 23-юми январ президент номзадии ӯро барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод ва ин ниҳоди болоии парлумон дирӯз, 3-юми феврал ба […]

Юсуф Раҳмон, додситони кулли пешини Тоҷикистон баъди як рӯзи тасдиқи барканориаш аз сӯи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ 10 соли охир (ду давраи 5- сола) додситони кулли Тоҷикистон буд ва рӯзи 23-юми январ президент номзадии ӯро барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод ва ин ниҳоди болоии парлумон дирӯз, 3-юми феврал ба ин пешниҳод “ҳа” гуфт.

Аз соли 2020 то соли 2025 Насрулло Маҳмудзода котиби Шӯрои амният буд. Рӯзи 21-уми январ ӯ бо сабаби "ба кори дигар гузаштан" аз вазифа озод гардид, вале вазифаи нави ӯ то ҳол маълум нест.

Инчунин, пас аз тасдиқи Маҷлиси миллӣ, имрӯз, 4-уми феврал бо фармони раисҷумҳури кишвар Ҳабибулло Воҳидзода ба вазифаи додситони кулл, Фирдавс Ҳаётзода ба вазифаи муовини додситони кулл ва ҳамзамон додситони ҳарбӣ ва Хайриддин Қосимзода ба вазифаи муовини додситони кулл расман таъйин гардиданд.

Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар подшоҳии Арабистони Саудӣ, ҳамзамон, сафири Тоҷикистон дар Алҷазоир таъйин шуд.

Дар бораи корномаи Ҳабибулло Воҳидзода, ки акнун расман додситони кулли нави Тоҷикистон аст, дар ин матлаби “Азия-Плюс” хонед. Инчунин, Юсуф Раҳмон бо чӣ иқдомҳо дар хотира мемонад, дар ҳамин матлаб мутолиа кунед.

Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи ҳар сол, баъди баргузории маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ба тағийроти кадрӣ дар ҳукумат даст мезанад. Давоми моҳи январ, аввал вазири меҳнату муҳоҷират, раисони додгоҳи олӣ,  оҷонсии нафақа, кумитаи телевизион ва радио ва чанд мансадори дигар аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру фармонҳо вазирону раисони “дарозумр”-и тоҷикро аз вазифа озод кард. Онҳо кистанд ва ҷомеа аз чеҳраҳои нав чӣ интизориҳо доранд, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.