Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст

Дар пайванд ба ҳамла бо корд ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон 3 кас ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Аз ҷумла, ҷавони ҳамлагар ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст. Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 7-уми феврал дар мавъизаи намози ҷумъа дар бораи 26 сол зиндонӣ гардидани ҷавони ҳамлагар ҳарф зад, вале баъдан аз додани […]

Дар пайванд ба ҳамла бо корд ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон 3 кас ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Аз ҷумла, ҷавони ҳамлагар ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.

Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 7-уми феврал дар мавъизаи намози ҷумъа дар бораи 26 сол зиндонӣ гардидани ҷавони ҳамлагар ҳарф зад, вале баъдан аз додани ҷузъиёт ба “Азия-Плюс” худдорӣ кард.

Ӯ дар мавъизааш гуфт, “ӯро гумроҳ карданд, фирефта шуд, нафаҳмид, ки чӣ кор кард”.

“Омад, дар паси мо намоз хонд, баъди намоз дар ҳаққи ҳамаи ҷамоат, ки вай ҳам шомил буд, дуои хайр кардам. Аммо берун баромаду ба ман ҳамла кард. Хеле даҳшатнок аст. Гуфтам, Худо ҳидояташ кунад”, – гуфт муфтии кишвар.

Ӯ афзуд, “дилам ба модараш месӯзад, бовар кунед, дирӯзу парер рӯз дар танҳоӣ чанд бор модари ҳамон кас ба ёдам омад, чанд бор гиристам, ки модари бечора чӣ кор мекунад. Ӯро гумроҳ карданд, вале модараш чӣ гуноҳ дорад? Аз модараш маслиҳат напурсида буд-ку. Вале он модар месӯзад”.

Аз Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар робита ба ин парванда ҳукми додгоҳ содир шудааст, вале бо баҳонаи “қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм” ҷузъиёт надоданд.

Ду манбаи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нисбати се тан барои ҳамла ба муфтии кишвар ҳукми додгоҳ содир шудааст ва гумонбари асосӣ 26 сол равонаи зиндон шуд. Манбаҳои мо аз гуфтани ҳукми ду гумонбари дигар худдорӣ карданд.

Дар бораи ҳувияти гумонбарон, махсусан ҷавони ҳамлагар маълумот дода намешавад, фақат маълум аст, ки падараш омӯзгори мактаб ва модараш фарроши мактаб мебошад. Он ҷавон донишҷӯ буд, 24 сол доштааст.

Қаблан, Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ҷавоне, ки ба ӯ бо корд ҳамла кард, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст. Ӯ дар бораи бо кадом модда гумонбар шудани ҳамлагар кӯтоҳ гуфта буд, ҷинояте аст, ки “аз ҷониби гурӯҳи ифротӣ” содир шудааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми сентябр наздикии шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар дар пешониаш захм бардошт.

Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард ва нагуфт, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.

Абдулқодирзода бо гузашти бештар аз як моҳ, рӯзи 17-уми октябр, ҳодисаро шарҳ дода, дар бораи ин ҷавон гуфта буд, “он ҷавон яке аз ифротгароён буд”.

“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гӯё, ки хидмати ислом кардаанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамҳоеро, ки инҳоро даъват кардаанду роҳнамоӣ кардаанду инҳо анҷом додаанду ё ки маблағҳои муайяне ваъда кардаанд, аслан аз пеш надидаанд”, -илова мекунад раиси Шӯрои уламои кишвар.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол аз ҷараёни тафтиши ин ҳамла ва раванди баррасии парванда маълумоти иловагие ироа накардааст.

Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст ва дар мавъизаҳои худ ҳамеша аз пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон суҳбат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.