Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал фармони зиёд кардани музди маош, нафақа ва идрорпулӣ (стипендия)-ҳоро имзо кард. Ин фармон аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода навиштааст, бар асоси фармон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад. […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал фармони зиёд кардани музди маош, нафақа ва идрорпулӣ (стипендия)-ҳоро имзо кард. Ин фармон аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода навиштааст, бар асоси фармон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

"Яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз 1-уми сентябри соли 2025 набояд аз 1000 сомонӣ кам бошад", – навиштааст хадамоти матбуотии президент дар шарҳи фармон.

Ҳоло ҳаҷми ҳадди ақалли маош дар кишвар 800 сомонӣ аст.

Тибқи фармон маоши кормандони соҳаҳои зерин ба чунин миқдор зиёд мешавад:

– Маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф – 30%

– Маоши кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ – 20%

– Маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сартабиб, табиб, кормандони миёна ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ – 20%

– Маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, яъне кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ва дигар муассисаҳои соҳа – 20%

– Маоши кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг – 20%

– Маоши хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ҳукумат ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот – 20%

– Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо – 10%

Идрорпулии донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) – 20%

Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатииТоҷикистон пурра таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, дар бораи боло бурдани музди маош ва нафақаву идрорпулӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 дар паёми охири худ ба парлумони кишвар супориш дода буд.

Бояд гуфт, соли 2024 бо фармони раисҷумҳур маошу нафақа ва идрорпулиҳо аз 30 то 40%  зиёд шуда буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо якбора баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.