Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад

  Айни ҳол сохтмони се таваққуфгоҳи мошинҳо дар шаҳри Душанбе – дар назди бозори "Корвон", дар кӯчаҳои Айнӣ ва Бохтар идома дорад ва маълум нест, ки онҳо кай пурра сохта ба истифода дода мешаванд. Ин нуктаро Самӣ Азиз, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз зимни нишасти хабарии шаҳрдории пойтахт зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, таваққуфгоҳи кӯчаи Айнӣ дар […]

 

Айни ҳол сохтмони се таваққуфгоҳи мошинҳо дар шаҳри Душанбе – дар назди бозори "Корвон", дар кӯчаҳои Айнӣ ва Бохтар идома дорад ва маълум нест, ки онҳо кай пурра сохта ба истифода дода мешаванд. Ин нуктаро Самӣ Азиз, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз зимни нишасти хабарии шаҳрдории пойтахт зикр кард.

Ба гуфтаи ӯ, таваққуфгоҳи кӯчаи Айнӣ дар назди беморхона “Ёрии таъҷилӣ” ва таваққуфгоҳи кӯчаи  Бохтар дар паси бинои ҳукумати шаҳр сохта мешаванд. Ин сохтмонҳо кай ба анҷом мерасанд, сармеъмор, дақиқ чизе нагуфт. 

“Сохтмон дар дигар нуқтаҳо низ дар назар аст. Дар ҳолати муроҷиати соҳибкорон ҷояшро нишон медиҳем, корбарӣ мекунанд” – гуфт Самӣ Азиз.

Сармеъмор мушаххас нагуфт, ки сохтмони таваққуфгоҳҳо пурра аз ҳисоби соҳибкорон сохта мешавад ё қисми маблағро ҳукумати шаҳр медиҳад.

Бояд гуфт, дар бораи сохтмони ин се таваққуфгоҳ тобистони соли гузашта низ дар шаҳдорӣ гуфта буданд. Он вақт низ дар шаҳрдорӣ муҳлати анҷоми сохтмонро нагуфта буданд ва инак, бо гузашти ним сол ин маълумот ҳамоно “махфӣ аст”.

Ҳамчунин, он замон гуфта буданд, дар оянда тасмими бунёди чанд таваққуфгоҳи калонро доранд.

Қаблан, соли 2020 Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” эълон карда буд, ки тибқи нақшаи генералӣ дар маркази шаҳр ва назди марказҳои савдо таваққуфгоҳҳои бисёрошёна бунёд карда мешавад.

Аммо то имрӯз чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи тарҳрезӣ боқӣ мондаанд, ба истиснои бозори “Корвон”, ки дар он ҷо соли 2021 таваққуфгоҳи 6-ошёна бо 448 ҷой сохта ба истифода дода шуд.

Мушкили нарасидани таваққуфгоҳҳо дар шаҳр торафт мубрам мегардад. Набудани таваққуфгоҳи мошинҳо дар биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ боиси тамбашавии мошинҳо гашта, ҳаракат дар роҳро мушкил мегардонад. Дар шаҳр бештар таваққуфгоҳҳои бисёрошёна намерасанд.

Бояд гуфт, ки дар зери аксари биноҳои нав таваққуфгоҳҳо мавҷуданд, аммо онҳо холӣ ҳастанд, зеро арзиши як таваққуфгоҳ аз 10000 то 15000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки хеле гарон ва барои аксари сокинон дастнорас аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.