Содироти мева аз Тоҷикистон афзуда, лекин фурӯши сабзавот ба хориҷа 2 баробар кам шуд

Соли 2024 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба 56,7 млн доллар расид, ки нисбат ба соли гузашта 18% бештар аст. Аммо ҳаҷми воқеии содирот метавонад зиёдтар бошад, зеро қисми маҳсулот тавассути кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИААО, ЕАЭС) интиқол ёфта, дар омори онҳо ба қайд гирифта мешавад. Сарфи назар аз афзоиши содироти меваи тару тоза ва […]

Соли 2024 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба 56,7 млн доллар расид, ки нисбат ба соли гузашта 18% бештар аст. Аммо ҳаҷми воқеии содирот метавонад зиёдтар бошад, зеро қисми маҳсулот тавассути кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИААО, ЕАЭС) интиқол ёфта, дар омори онҳо ба қайд гирифта мешавад. Сарфи назар аз афзоиши содироти меваи тару тоза ва хушкмева, фурӯши сабзавот ба хориҷи кишвар ба таври назаррас кам шудааст, ки ин ба мушкилоти логистикӣ ва рақобат дар бозор ишора мекунад.

Директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки маълумоти расмӣ вазъи воқеии содиротро пурра инъикос намекунад. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз ширкатҳои содиркунандаи Тоҷикистон маҳсулоти худро тавассути кишварҳои ИИАО мефиристанд, то боҷи гумрукиро камтар пардохт кунанд. Дар натиҷа, молу маҳсулоти Тоҷикистон ҳамчун маҳсулоти кишварҳои дигар ба қайд гирифта мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон, ҳаҷми воқеии содирот метавонад аз 100 млн доллар зиёд бошад.

Ҳамзамон сохтори содирот тағйироти гуногунҷабҳаро нишон медиҳад. Дар соли 2024 содироти сабзавот 51% коҳиш ёфта, 30,9 ҳазор тонна бо арзиши 3,5 млн долларро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки соли пешин (с.2023) ба маблағи 6,3 млн доллар 60,7 ҳазор тонна сабзавот содир  шуда буд. Бахусус содироти пиёз қариб ду баробар кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, содироти мева 44,8% аз рӯи ҳаҷм ва 57,1% аз рӯи арзиш зиёд шудааст. Аз ҳама бештар содироти ангур афзудааст: 140% аз рӯи ҳаҷм ва 130% аз рӯи арзиш.

Дар бахши меваҳои хушк низ тамоюли мусбат мушоҳида мешавад: бо арзиши 31,6 млн доллар 90 ҳазор тонна хушкмева ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст, ки 8,1% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Аз мушкилоти асосие, ки ба содирот бештар монеъа эҷод мекунанд, норасоии зерсохтори логистикӣ, душвориҳо бо транзит ва сатҳи нокифояи коркарди маҳсулот номбар карда мешаванд. Дар Тоҷикистон марказҳои бузурги ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ нестанд. Ин ҳолат ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншавандаро душвор месозад.

Камбуду ноқисиҳо дар бастабандии муосири маҳсулот ва мавҷуд набудани тамғаҳои тиҷоратӣ низ ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ба ақидаи Сироҷиддинзода, ҳаллу фасли ин мушкилот ба афзоиши содирот ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар савдои ҷаҳонӣ имкон фароҳам меорад. Барои ба ин ҳадаф расидан рушди марказҳои логистикӣ, ҷорисозии технологияҳои коркард ва дастгирии зиёдтари фермерон зарур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.