Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад

Дар Душанбе барои бори аввал роҳи алоҳидаи дучархаронӣ сохта мешавад, ки он аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо хоҳад буд. Дар ин бора ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, роҳи алоҳидаи дучархаронӣ дар роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ (маҳаллаи […]

Дар Душанбе барои бори аввал роҳи алоҳидаи дучархаронӣ сохта мешавад, ки он аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо хоҳад буд. Дар ин бора ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, роҳи алоҳидаи дучархаронӣ дар роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ (маҳаллаи Мясокомбинат) азнавсозӣ шуда истодааст, бунёд мешавад. Паҳноии роҳи алоҳидаи дучархасаворӣ ҳадди ақалл 1,5 метр дар назар гирифта шудааст.

Дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дақиқ нагуфтанд, ки ин роҳ кай мавриди истифода қарор мегирад. Вале қаблан мақомот гуфта буданд, бозсозии кӯчаи Абдулаҳад Каҳҳоров, ки моҳи марти соли 2023 оғоз шуда буд, дар давоми 2,5 сол анҷом меёбад. Қаблан хабар дода шуда буд, дарозии роҳи кӯчаи Каҳҳоров, ки навсозӣ мешавад, 6,6 километрро ташкил хоҳад дод.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душабе дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, дар оянда чунин роҳравҳо дар дигар кӯчаҳои шаҳр низ дар нақша гирифта шудаанд.

Вале гуфт, барои сохтани роҳҳои бехатари дучархаронӣ бозсозии пурраи роҳҳо зарур аст.

“Барои сохтани роҳҳои дучархаронӣ дар роҳҳои шаҳр бояд бозсозии ҳамаҷониба анҷом дода шавад, зеро инфрасохтори мавҷуда имкон намедиҳад, ки роҳҳои дучархаронӣ бехатар сохта шаванд”, – зикр кард ӯ.

Вале ӯ шарҳ надод, ки барои чӣ дар роҳҳои ҳозира ин имкон вуҷуд надорад.

Ҳоло дар Душанбе роҳи алоҳидаи дучархасаворӣ вуҷуд надорад. Барои ҳамин дучархасаворон ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард бо мушкилоти амниятӣ рӯбарӯ мешаванд.

Зарурати бунёди роҳҳои алоҳидаи дучархаронӣ дар Душанбе солҳост баррасӣ мешавад, аммо амалан дар ин самт то ҳол қадамҳои ҷиддӣ гузошта нашудаанд.

Коршиноон яке аз роҳҳои пешгирии танбашавиро бунёди роҳҳои ҷудогонаи дучархасаворӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, дучарха метавонад як ҷойгузини хубе барои сафарҳои кӯтоҳ бошад, шумораи мошинҳоро дар роҳҳо камтар кунад ва боиси беҳтар шудани вазъи экологии шаҳр ҳам шавад.  

Чӣ гуна тағйир ёфтани симои ва роҳи кӯчаи Қаҳҳоровро дар ин маводи мо бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.