Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта

Дар вилояти Суғд сатҳи ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм дар соли гузашта зиёд шудааст. Дар ин давра додгоҳҳои вилоят беш аз 3 ҳазору ҳазору 508 парвандаи  ҷиноятӣ баррасӣ кардаанд, ки аз ин 214 адад вобаста ба терроризм ва экстремизм аст. Дар ин бора Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд […]

Дар вилояти Суғд сатҳи ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм дар соли гузашта зиёд шудааст. Дар ин давра додгоҳҳои вилоят беш аз 3 ҳазору ҳазору 508 парвандаи  ҷиноятӣ баррасӣ кардаанд, ки аз ин 214 адад вобаста ба терроризм ва экстремизм аст.

Дар ин бора Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки ҳарчанд нисбат ба соли 2023 шумора умумии парвандаҳои баррасишуд 90 адад (2023-юм 3418), ва  паврандаҳои вобаста ба терроризм ва экстрмизм 40 адад зиёд гардидааст (соли 2023-юм 174). 

Аз ин ниҳод нагуфтанд, ки дар асосии баррасии парвандаҳо, махсусан парвандаҳои ба терроримзу экстримизм вобаста чанд нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Ба иттилои ӯ, додгоҳҳои вилоят соли 2024 аз ҷумла, нисбати 2 зан ва 3 ноболиғ оид ба ҷиноятӣ ифротгароӣ ҳукм содир кардаанд. Соли 2023-юм аз ин шумора 3 зан ва 2 ноболиғ буд.

Тибқи иттилои Тоҷиддин Ҳафиззода, аз ҳама бештар додгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд (70  парванда), Исфара (35 парванда) ва Истаравшан (24 парванда) паврандаҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро баррасӣ кардаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти рӯзи 13-уми гуфт, дар соли 2024-ум 1 ҳазору 750 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта ошкор шуда, дар натиҷа 365 аъзо ва тарафдорони ин ҳаракату ташкилотҳо боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул дар нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврал гуфт, соли гузашта дар кишвар 1494 (соли 2023-юм 1228) ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2023-юм 226 адад ё 17,8 фоиз зиёд гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.