Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека

Мутахассисони Freedom Bank-и Қазоқистон ва коршиносони варзидаи ин кишвар дар соҳаи технологияҳои блокчейн бо намояндагони сохторҳои марбутаи Тоҷикистон таҷрибаи нодири худро дар ҷорӣ намудани қарздиҳии рақамии ипотекӣ мубодила карданд. «Вохӯрӣ дар доираи сафари корӣ, ки дар IT-HUB Freedom Bank баргузор гардид, баргузор шуд», – гуфта мешавад дар хабари ҶСК «Фридом Бонки Тоҷикистон». Гуфта мешавад, ба […]

Мутахассисони Freedom Bank-и Қазоқистон ва коршиносони варзидаи ин кишвар дар соҳаи технологияҳои блокчейн бо намояндагони сохторҳои марбутаи Тоҷикистон таҷрибаи нодири худро дар ҷорӣ намудани қарздиҳии рақамии ипотекӣ мубодила карданд.

«Вохӯрӣ дар доираи сафари корӣ, ки дар IT-HUB Freedom Bank баргузор гардид, баргузор шуд», – гуфта мешавад дар хабари ҶСК «Фридом Бонки Тоҷикистон».

Гуфта мешавад, ба чорабинӣ инчунин намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти ҶТ, КВД «Амонатбонк», КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва моликият» ва Вазорати адлияи Тоҷикистон даъват шудаанд.

Дар хабар таъкид мешавад, ки иштирокчиён таҷрибаи татбиқи ипотекаи рақамӣ дар Қазоқистон ва имкони ҷорӣ намудани он дар Тоҷикистон, механизми мутамарказ гардонидани пойгоҳи маълумоти бақайдгирии амволи ғайриманқул, инчунин мутобиқати ҷараён ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳангоми баҳодиҳии амволро баррасӣ карданд.

Дар баробари ин, коршиносони қазоқ аз муттаҳид сохтани низомҳои иттилоотии пароканда, ташкили кадастри ягона ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои системаи самараноки бақайдгирии амвол низ табодули таҷриба карданд.

Ба гуфтаи раиси Раёсати ҶСП «Фридом Бонки Тоҷикистон» Даурен Нисинбоев, айни замон корҳо оид ба оғози фаъолияти маҳсулоти нав – «Ипотекаи рақамӣ» дар Тоҷикистон ҷараён доранд.

«Freedom Bank омода аст, ки таҷрибаи андӯхтаи худро дар рақамисозии хадамоти давлатӣ ва маҳсулоти бонкӣ мубодила намояд ва ҳамчун пули робитавӣ байни коршиносони Қазоқистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон дар раванди содироти E-GOV (ҳукумати электронӣ) ба Тоҷикистон кумак кунад», – таъкид кард ӯ.

Дар хабар зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ба дигар хадамоти иннноватсионии Freedom Bank, ки ба зудӣ барои сокинони Тоҷикистон дастрас хоҳанд шуд, низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

ҶСП «Фридом Бонки Тоҷикистон» моҳи октябри соли 2024 иҷозатномаи фаъолияти бонкиро дарёфт кардааст. Ин муассисаи фаръии «Фридом Бонки Қазоқистон» мебошад, ки аввалин шуда дар Қазоқистон маҳсулоти молиявии инноватсионӣ, аз ҷумла ипотекаи рақамӣ, қарзи рақамии автомобилӣ, ҳуҷҷатҳои рақамӣ, бонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ ва дигар хидматрасониҳои муосирро роҳандозӣ намудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.