Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд

Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия гуфтааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо дар ин кишвар тақрибан 2%-и онро муҳоҷирон содир кардаанд. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории “ТАСС” хабар додааст. “То охири соли гузашта дар Русия 6,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор дошт, дар иҳоле ки ин омор дар соли 2023 ба 5,9 […]

Asia-Plus

Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия гуфтааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо дар ин кишвар тақрибан 2%-и онро муҳоҷирон содир кардаанд. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории “ТАСС” хабар додааст.

“То охири соли гузашта дар Русия 6,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор дошт, дар иҳоле ки ин омор дар соли 2023 ба 5,9 миллион нафар баробар буд. Дар ҳамин ҳол, шумори ҷиноятҳои содиркардаи онҳо тақрибан бетағйир боқӣ монда, 38,6 ҳазорро ташкил дод. Ин наздики 2% аз шумораи умумии ҷиноятҳои сабтшуда дар кишварро ташкил медиҳад”, – гуфтааст Шойгу.

Ин мақомдори рус афзудааст, ки соли гузашта тақрибан 1,5 ҳазор нафар барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шудаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, соли гузашта алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия 3,4 миллион протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ба гуфтаи Шойгу, теъдоди муҳоҷироне, ки муҳлати будубоши худро дар соли 2024 дар Русия дароз кардаанд, бештар аз 10 дарсад будааст.

Қаблан, ВКД Русяи гуфта буд, ки шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар соли 2024 содиршуда 0,9% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, шумораи ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ ҳудуди 26% кам шудааст.

Мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мегардид.  

Дар робита ба ин масъала бештар дар маводи мо “Маълумоти зидду нақиз оид ба ҷинояткорӣ. Чаро русҳоро бо муҳоҷирон метарсонанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст