Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?

Дар Душанбе рӯзи 22 май бозии дӯстона байни ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардида, соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон собиқ футболбозони маъруф, аз ҷумла Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзи 22 май бозии дӯстона байни ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардида, соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон собиқ футболбозони маъруф, аз ҷумла Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷаев, Суҳроб Ҳамидов, Тоҳир Муминов, Субҳон Хоҷамов, Хуршед Маҳмудов, Одил Эргашев бозӣ мекунанд.

Дастаи Русияро ситораҳои футболи Русия, аз ҷумла Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков, Эльдар Низамутдинов ва дигар футболбозон намояндагӣ мекунанд.

Сарфи назар синнусоли футболбозон, аз бозии ҷолиб ва пурҳассос интизорӣ меравад. Дар назар аст, ки дастаҳо бозии техникӣ ва ҳамлагарона бо таваҷҷуҳ ба ҳунари дастаҷамъона ва маҳорати инфиродӣ нишон хоҳанд дод. Футболбозони собиқадори ҳар ду даста аз таҷрибаи бой ва ҷолибияту маъруфияти хосса бархӯрдоранд, ки бозиро барои тамошобинон шавқовару хотирмон месозад.

Бозӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май), ки бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, роҳбари Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфтааст, баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ қатънома қабул кард, ки мувофиқи он, санаи 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд.

Дар назар аст, ки вохӯрӣ рӯйдоди хеле муҳим хоҳад буд, зеро он собиқадорони футболи ду кишварро дар бозии рамзӣ муттаҳид месозад. Он барои ҳам мухлисони футбол ва ҳам дӯстдорони таърихи варзиши ду кишвар ҷолибу шавқовар аст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ҷашни рӯзи 25 май ҳамчунин баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ, аз ҷумла намоишгоҳу машғулиятҳо ва вохӯриҳо бо фтуболбозон ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.