Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод

Як муҳоҷир, ки зоҳиран аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, дар вилояти Свердловски Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот додааст. Сӯхтор шоми 14-уми май дар ошёнаи аввали бинои панҷошёнае дар шаҳраки Березовский рух додааст. Пойгоҳи иттилоотии “Е1.РУ Екатеринбург Онлайн” аз ин муҳоҷир Саид Шарипов ном бурда, навиштааст, ӯ 32 сол дошта, 16 сол ин ҷониб дар […]

Як муҳоҷир, ки зоҳиран аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, дар вилояти Свердловски Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот додааст. Сӯхтор шоми 14-уми май дар ошёнаи аввали бинои панҷошёнае дар шаҳраки Березовский рух додааст.

Пойгоҳи иттилоотии “Е1.РУ Екатеринбург Онлайн” аз ин муҳоҷир Саид Шарипов ном бурда, навиштааст, ӯ 32 сол дошта, 16 сол ин ҷониб дар Русия ба ҳайси кирокаш кор мекардааст.

Дар навори кӯтоҳе Саид Шарипов нақл мекунад, ки вақте аз дорухона бармегашт, садои гиряи кӯдаконро шунид. Онҳо дархости кумак мекарданд. Баъди ин, ӯ бо тиреза ба хона ворид шуда, ҳарсе кӯдакро аз коми оташ берун мекунад. Онҳо дар хона танҳо будаанд.

Барои ин ҷасораташ сокинон Саид Шариповро қаҳрамон ном бурдаанд, аммо худаш гуфтааст, ки ин вазифаи инсонияш буд, зеро ӯ ҳам соҳиби як фарзанд аст.

Маълум нест, ки ин муҳоҷир шаҳрванди кадом кишвар аст. Дар навор ҳам дар бораи ҳувияти ӯ чизе гуфт нашудааст. Аммо зоҳиран ӯ аз яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Қаҳрамониҳои дигари муҳоҷирони тоҷик

Бояд зикр кард, ки ин дуввумин ҳодисаи ҷон дар хатар гузошта, ба сокинони Русия кумак кардани муҳоҷирон давоми як моҳи охир аст, ки расонаӣ мешавад.

Аввали ҳамин моҳ Отабек Мадраҳимов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш карда буд. Ӯ бо мошини обкаши худ оташи мошини алангагирифтаро хомӯш кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.

Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Танҳо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо ин ҷавони тоҷик сӯҳбат карда, ба ӯ “Раҳматнома” тақдим кардааст.

Пештар аз ин дар вилояти Маскав Бахтиёр Исмоилов, як тоҷикистонии дигар кӯдаки 11-моҳаро аз канори шоҳроҳ наҷот дода, ба наздиконаш супорид.

Муҳаммадҷон Обидов, колорасони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи июли соли 2024 дар Маскав духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабудан мехост.

Мисоли дигар, Ҳасан Авғонов, зодаи 58-солаи Тоҷикистон соли гузашта сарфи назар аз синну вазъи нохуби саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, ба яхоба даромада, писарчаҳоро наҷот дод.

Аммо ба қавли худи муҳоҷирон сарфи назар аз ҳамаи ин, мақомоти Русия ҳамоно ба муҳоҷирон дидгоҳи некбинона надоранд. Расонаҳои ин кишвар дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд, аз инъикоси рафтори хуби онҳо дар бештари ҳолатҳо худдорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.