Нархи гӯсфанди қурбонӣ дар Тоҷикистон чанд аст?

Бо фарорасии Иди Қурбон талабот дар бозорҳо ба ҳайвонот барои қурбонӣ – гӯсфанду гов (буққа) ва буз якбора зиёд мешавад. Имрӯз онҳо бо ду тарз, аз рӯи мушоҳида ва вазн харидорӣ мешаванд.   Бозори сертакопӯ ва калавиши нархҳо Нархи як килограм вазни зинда аз зот, синну сол ва ҳолати ҷисмонии ҳайвон вобаста буда, он аз 45 то 60 сомонӣ […]

Бо фарорасии Иди Қурбон талабот дар бозорҳо ба ҳайвонот барои қурбонӣ – гӯсфанду гов (буққа) ва буз якбора зиёд мешавад. Имрӯз онҳо бо ду тарз, аз рӯи мушоҳида ва вазн харидорӣ мешаванд.

 

Бозори сертакопӯ ва калавиши нархҳо

Нархи як килограм вазни зинда аз зот, синну сол ва ҳолати ҷисмонии ҳайвон вобаста буда, он аз 45 то 60 сомонӣ мебошад. Ин 10-15% баландтар нисбат ба соли гузашта аст. Агар бо вазни холиси гӯшт ҳисоб кунем, нарх метавонад то 80-110 сомонӣ барои як килограмм расад.

Масалан, нархи миёнаи гӯсфанд – 50-60 сомонӣ барои як килограм вазни зинда, буққача – 45-60 сомонӣ, буз – 40-50 сомонӣ. Дар Фархор гӯсфанди вазнаш 595 кг 31 ҳазору 500 сомонӣ арзёбӣ шуд. Буққачаи сиёҳу сафед бо вазни 440 кг дар Ҳисор рӯзи якшанбеи гузашта бо нархи 50 сомонӣ барои килограм вазни зинда фурӯхта шуд.

 

Дар бозорҳо ҳозир фазо сертакопӯ аст: харидорон ҳайвонҳоро бо диққат интихоб  ва кӯшиш мекунанд, ки беҳтарин мутаносибати нарх ва сифати ҳайвонро ёбанд, фурӯшандагон бошанд, таъкид мекунанд, ки нарх бештар ба ҳолат ва зоти ҳайвон вобаста аст.

 

Вақте, ки ҳар килои гӯшт ба нархи тилло баробар аст

Ба гуфтаи чорводорон, ба вазни гӯшти ҳайвонот якчанд омил таъсир мерасонад.

Аввал, зот. Зотҳои гӯштӣ нисбат ба зотҳои маҳаллӣ зиёдтар гӯшт медиҳанд.

Дуюм, синну сол. Ҳайвонҳои ҷавон одатан нисбат ба вазни худ гӯшти бештар медиҳанд, дар ҳоле ки дар ҳайвонҳои калонсол фоизи гӯшт камтар аст.

Ҳамчунин, вазни ҷисмонӣ муҳим аст. Тана бояд доирашаклу бе устухонҳоии ба берун баромада бошад, ки ин ҳолати хуби ҳайвонро нишон медиҳад. Ҳамчунин, усули забҳ ва пораву тақсими гӯшт низ муҳим аст, зеро коркарди дуруст ба камшавии талафёбии он кумак мекунад.

Масалан, аз гӯсфанди вазнаш 60 кг пас аз куштан ва коркарди аввалин, тақрибан 35 кг гӯшт боқӣ мемонад, ки ин ба 58%-и гӯшт пас аз куштан мувофиқ аст. Аз гӯсфандони лоғар ин нишондиҳанда ба 50% ва баъзан баъзан то 40% кам мешавад. Натиҷаи гӯшт пас аз куштан дар буққачаҳо одатан 50-65% ва ҳайвоноти сервазн – то 70% мерасад.

Зимни интихоби ҳайвон барои қурбонӣ ба инобат гирифтани зоти гӯсфанд муҳим аст. Дар шароити Тоҷикистон асосан зотҳои маҳаллӣ парвариш мешаванд, ки вазни зиёд мегиранд. Аммо вазни гӯшти онҳо пас аз куштан ба ҳисоби миёна тақрибан 30 кг-ро ташкил медҳад, ки бамаротиб камтар аз зотҳои гӯштии дигар кишварҳои ҷаҳон аст. 

 

Барои парвариши як сар гӯсфанд чанд пул лозим аст?

Парвариши гӯсфандон дар Тоҷикистон як самти душвор, вале серталаб дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Гӯшти гӯсфанд дар ғизои бисёр хонаводаҳо ва ошпазии миллӣ мавқеи намоён дорад. Аммо хароҷоти парвариши гӯсфанди босифат, ки гӯшти хуб медиҳад, то ҳол хеле баланд боқӣ монда, он дар навбати худ ба нархи ниҳоии бозор таъсир мерасонад.

Асосан барои хӯрока хароҷот зиёд аст. Дар давраи зимистон вақте ки ҳайвонҳо дар оғилҳо ё авулҳо нигоҳ дошта шуда, ба чарогоҳ дастрасӣ надоранд, хароҷот барои ғизо ба таври назаррас зиёд мешавад.

Хароҷоти рӯзонаи ғизо дар зимистон тақрибан 10-15 сомонӣ аст, ки дар як моҳ то ба 300-450 сомонӣ мерасад. Ба хӯрока хасбеда, силос, решаҳо (картошка, сабзӣ), комбикорм ва ғалладонагӣ дохил мешаванд. Ин ғизоҳо хеле гарон буда, харидории онҳо сармоягузориҳои зиёдро талаб мекунад.

Тобистон хароҷот хеле кам мешавад – ба ҳисоби миёна то 100 сомонӣ дар як моҳ, зеро қисми асосии ғизоро алафи чарогоҳ ва сабза ташкил медиҳад. Инҳо хароҷоти иловагӣ талаб намекунанд. Комбикорм ва хасбеда камтар истифода мешаванд.

 

Чаро шароити нигоҳубину парвариш муҳим аст

Чаронидан дар фазои кушод ва ҳавои тоза шартҳои асосӣ барои парвариши гӯсфандон маҳсуб меёбанд. Ин ба ҳайвонҳо имкон медиҳад, ки ғизои босифат гиранд ва хароҷоти ғизо кам мешавад.

Аммо дар Тоҷикистон бисёр хоҷагиҳо чарогоҳҳои худиро надоранд, бинобар ин гӯсфандонро тӯли тамоми сол дар авулу оғилҳо нигоҳ медоранд.

Барои нигоҳдорӣ дар авулҳо онҳо бояд дуруст муҷаҳҳаз карда шаванд – таъмин бо фазои кофӣ (1,5 м² барои барра ва 2,5 м² барои гӯсфанди калонсол), равшании хуб, ҳавотозакун (вентилятсия), хӯрокдонҳо ва обдонҳо. Ин хароҷоти иловагиро тақозо мекунад.

Дар хонаводаҳо масоҳат барои нигоҳдории ҳайвонҳо аксаран аз 15 м² зиёд намешавад ва дар чунин шароитҳо 15-20 гӯсфанд парвариш меёбад, ки ба хеле зич ҷойгиршавии ҳайвонҳо боис мегардад. Дар натиҷа ҳайвонҳо азоб кашида, хуб парвариш намеёбанд ва камгӯшт мешаванд.

 

Хӯрока – мушкили асосии чорводорӣ

Нархи хӯрока ва сифати парваришу нигоҳдорӣ ба нархи гӯсфанд дар бозор бевосита таъсир мерасонанд. Шахсони машғул ба парвариши ҳайвоноту фурӯши гӯшт ва харидорон ҳайвонро, пеш аз ҳама, бо инобати вазни гӯшт ва эҳтимоли фоида аз он арзёбӣ мекунанд. Гӯсфанде, ки тақрибан 50 кг гӯшт медиҳад, на камтар аз 4 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Барои муқоиса, парвариши чорвои калони шохдор бинобар давомнокии тӯлонӣ барои парвариш, истеъмоли зиёдтари ғизо ва масоҳат барои нигоҳдорӣ хароҷоти бештар талаб мекунад.

Хӯрокаи гӯсфандон бояд мувозинат дошта, аз алаф, хасбеда, коҳ, ғалладонагӣ (ҷав, ҷуворимакка,гандум), сабзавот, намак, комбикорм, кунҷора, пӯсти сабзавот, сабӯс иборат бошад. Аммо болоравии нархи хӯрока ба фоиданокии парвариш таъсир мерасонад.  Ҳоло як килограмм кунҷора тақрибан 6 сомонӣ ва сабӯс – 1,5 сомонӣ нарх дорад, ки ба вазъи молиявии чорводорон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Барои кам кардани хароҷот, бисёр хоҷагиҳо роҳҳои осонтарро интихоб карда, гӯсфандонро бо боқимондаҳои ғизо ва растаниҳои полезӣ хӯрок медиҳанд, ки наметавонанд вазни лозимиро таъмин кунанд ва сифати гӯштро паст мекунанд. Аз ин рӯ, дар бозорҳо кам гӯсфандонеро мебинед, ки 60-70 кг гӯшт диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.