Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири Душанбе–Ванҷ–Душанбе хабар додааст. Ин ширкат дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, ки аввалин парвоз 23-уюми июни соли 2025 анҷом шуда, нархи чипта аз як тараф 750 сомонӣ муайян гардидааст. Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар ин хатсайр 50 дақиқа давом мекунад. Ҳавопаймо аз Душанбе ба Ванҷ соати 08:00 ва […]

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири Душанбе–Ванҷ–Душанбе хабар додааст. Ин ширкат дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, ки аввалин парвоз 23-уюми июни соли 2025 анҷом шуда, нархи чипта аз як тараф 750 сомонӣ муайян гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар ин хатсайр 50 дақиқа давом мекунад. Ҳавопаймо аз Душанбе ба Ванҷ соати 08:00 ва аз Ванҷ ба Душанбе соати 09:30 парвозро оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад. Ин ҳавопаймо имкони интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг борро дорад.

Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои :+992 900130443 , +992110000012 тамос гиранд.

Бояд гуфт, ин панҷумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки ширкати “Тоҷик-Эйр” парвозҳоро анҷом медиҳад. Аз аввали сол ин ширкат парвоз дар масири "Душанбе Хоруғ-Душанбе", “Душанбе-Кӯлоб-Душанбе”, “Душанбе-Панҷакент-Душанбе” ва “Душанбе-Рашт-Душанбе”-ро низ роҳандозӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.