Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.

Форуми мазкур дар доираи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки ду рӯз пеш дар пойтахти Тоҷикистон, баргузор гардид, доир шуд. Дар кори Форуми мазкур роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ширкат карданд. Иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки Форуми дуюми коршиносӣ  “Осиёи Марказӣ […]

Asia-Plus

Форуми мазкур дар доираи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки ду рӯз пеш дар пойтахти Тоҷикистон, баргузор гардид, доир шуд.

Дар кори Форуми мазкур роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ширкат карданд.

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки Форуми дуюми коршиносӣ  “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” бо фароҳам овардани фазои муколамаи таҳлилӣ ва касбӣ, ҳадафҳои сиёсиро бо муҳтавои илмӣ ва стратегӣ ғанӣ мегардонад ва барои таҳияи ҳалли дарозмуддат замина мегузорад.

Дар ҷараёни форум масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла равобити гуногунсамтаи стратегӣ, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳкими суботи минтақавӣ, масоили вобаста ба об, иқлим ва энергетика, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, забон ва илм, равандҳо ва чолишҳои муосири минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.