Раиси КДАМ Қирғизистон: “Силоҳи вазнинро аз сарҳад бо кишварҳои ҳамсоя мегирем”

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев зимни суханронӣ дар дидбонгоҳи Қарамиқ дар ноҳияи Чон-Олой изҳор доштааст, ки дар марзи Қирғизистон бо кишвраҳои ҳамсоя дигар силоҳи вазнин ҷойгир карда намешавад. Дар ин бора хабаргузории АКИpress иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи Тошиев, баҳсҳои марбут ба замин бо кишварҳоиҳамсоя пурра танзим шудааст: “Дигар қитъаҳои баҳсӣ нестанд. То […]

Asia-Plus

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев зимни суханронӣ дар дидбонгоҳи Қарамиқ дар ноҳияи Чон-Олой изҳор доштааст, ки дар марзи Қирғизистон бо кишвраҳои ҳамсоя дигар силоҳи вазнин ҷойгир карда намешавад. Дар ин бора хабаргузории АКИpress иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Тошиев, баҳсҳои марбут ба замин бо кишварҳоиҳамсоя пурра танзим шудааст: “Дигар қитъаҳои баҳсӣ нестанд. То задухӯрдҳои мусаллаҳона мерасид. Чӣ қадар марзонони қаҳрамони мо, ки сарҳад ва сарзамини моро ҳимоя мекарданд, ҳалок шуданд? Умедворам, ки акнун дигар чунин задухӯрдҳо такрор намешаванд, зеро чизе дигар барои баҳс боқӣ намондаааст”.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар робита ба тағйирот дар сиёсати сарҳадҳо, мақомот қоидаи истифодаи силоҳи оташфишон ва таъдоди воҳидҳои мусаллаҳро бозбинӣ мекунанд.

“Сарҳадбонон дигар аз силоҳ ва техникаи вазнин истифода намекунанд. Дар мувофиқа бо кишвраҳои ҳамсоя мо ҳамаи инро аз байн мебардорем. Танҳо силоҳи оташфишони сабук боқӣ мемонад”, – изҳор доштааст ӯ ва илова намудааст, ки марзбонон ба реҷаи сабуки адои хидмат мегузаранд.

Қаблан Қамчибек Тошиев изҳор дошта буд, ки ба зудӣ ҳузури доимии марзбонӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз миён бардошта мешавад.

Айни замон дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон корҳои муҳандисӣ оид ба гузоштани поячӯбҳои симхоркашида аз ҷониби Қирғизистон ҷараён доранд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 километрро ташкил дода, дар марҳилаи аввал гузоштани симхор дар 420 км ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи сарҳад, ки 13 март дар Бишкек ба имзо расид, ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистонва Қирғизистон хотима бахшид.

Рӯзи 31 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардида, дар он Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат