Дар ҷумҳурӣ нисфи ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд

0


              Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад.


То имрӯз ҳудуди 255 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 63,5 ҳазор тонна бештар мебошад.




Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз дар 145 ҳазору 444 гектараш дарав ба анҷом расидааст.



Бино ба иттилои манбаъ, аз майдони умумии кишти зироатҳои ғалладона 70 фоизашро гандум ташкил медиҳад ва соли ҷорӣ ғаллакорон вазифадор карда шудаанд, ки аз заминҳои обӣ наздик ба 700 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намоянд.



Аз вазорати кишоварзӣ ҳамчунин хабар доданд, ки д


ар ин маъракаи

 

муҳим  аз комбайнҳо самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамарӯза дар майдонҳои ғаллазор аз 300 то 430 адад комбайни ғалладарави хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида истифода мегардад. Ҳар як комбайн ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 4-5 гектарро дарав мекунад, ки ин кори даравгаронро осон мекунад.



«Дар ҳамин ҳол, то имрӯз танҳо 65 дарсади техникаи кишоварзӣ ба мавсими дарав омода шуданд – аз 787 комбайни ғалладарави мавҷуда 451 ададаш истифода мешавад», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки рӯзҳои наздик Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» барои омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта ба кишвар ба маблағи 7,7 млн. сомонӣ техникаи кишоварзӣ ворид месозад.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 273 ҳазору


403 гектар

зироатҳои ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки 649,3 ҳазори онро гандум ташкил медод.



Мувофиқи назари коршиносон, талаботи ҳамасолаи аҳолии ҷумҳурӣ ба гандум 1 млн. 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва миқдори ҳосили гандуми кишвар танҳо 50 дарсади талаботро қонеъ месозад.






Намояндагони мардумии Кӯлоб ба оғози тафтиши парвандаи ҷиноии ҳамтои худ иҷозат доданд

0


Кӯлоб. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба анҷом расид.




Дар иҷлосия дархости додситони вилояти Хатлон ҷиҳати иҷозати оғози парвандаи ҷиноии муовини Маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оила, намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Фариштамоҳ Солеҳова мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Ба гуфтаи додситони шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи аввал Насрулло Маҳмудов, намояндагони мардумӣ иҷозаи худро доданд ва аз ин пас тафтишот шурӯъ мегардад.



Ёдрас мекунем, ки кормандони додситонии минтақавии Кӯлоб Ф.Солиҳоваро ҳангоми гирифтани пора боздошт намуданд. Ӯ аз шавҳари як сокини маҳаллӣ Надежда Шамсиева барои ба дунё овардани кӯдакаш 400 сомонӣ тамаъ кардааст, вале кӯдак фавтида таваллуд мешавад. Чун Ф.Солеҳова намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳр аст, ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар зарфи 24 соат ҷавоб дода, бобати қаламрави кишварро тарк накарданаш тааҳҳуднома гирифтанд.


Раиси «Тоҷикматлубот» аз фоизҳои баланди қарзи бонкӣ ва боҷи гумрукӣ нигарон аст

0




          



Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев изҳор дошт, ки фоизҳои баланди қарзи бонкӣ ва боҷи гумрукӣ монеъи фаъолияти пурсамари муассиса гаштаанд.



Ба қавли ӯ, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба «Тоҷикматлубот» лозим меояд, маблағҳои зиёде қарз гирад.



«Фоизи қарзҳои бонкӣ ба мо 18 дарсад муайян шудааст ва гузашта аз ин мо бояд аз моли воридотӣ ба кишвар 27 дарсад боҷи гумрукӣ пардохт намоем», – идома дод ӯ. – Аз ин рӯ чунин андозаи фоизгузориҳо монеъи фаъолияти пурсамари мо мегарданд».



С.Валиев ҳамзамон аз ҳосилнокии пасти имсола изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки соли равон зарурат пеш омад, то содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш дода шавад, зеро ба ин маҳсулот, пеш аз ҳама, бояд аҳолии ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.



Мавсуф зикр кард, ки дар нимсолаи аввал иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба буҷаи ҷумҳурӣ 7 млн. 476 сомонӣ маблағ ворид сохтаааст. «Агар дар соли 2005 иттифоқ ба буҷаи ҷумҳурӣ 4 млн. сомонӣ ворид сохта бошад, пас соли равон мувофиқи нақша 18 млн. сомонӣ ворид хоҳад шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки агар муомилоти мол дар соли 2005 28 млн. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2008 он бояд ба 110 млн. сомонӣ баробар шавад.


Чанде аз кормандони Вазорати тандурустӣ ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори беш аз 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешаванд

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки чанде аз кормандони Вазорати тандурустӣ ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори беш аз 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешаванд.




Ба қавли ӯ, аз болои аъмоли 7 нафар корманди ин вазорат, аз ҷумла сардори раёсати сохтмони асосӣ ва сармуҳосиби он парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.



«Кормандони агентӣ ғайримақсаднок истифода кардани маблағҳои ҷудогардида, тавассути ширкатҳои хусусӣ ба пули нақд табдил додани онҳо ва минбаъд азхудкунии онро ошкор сохтанд, ки дар натиҷа ба давлат ба миқдори 1 млн. 52 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст», – зикр кард директори агентӣ.



Ба иттилои Ш.Салимзода, онҳо ба беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод, Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва беморхонаи касалиҳои дили шаҳри Хоруғ техникаву таҷҳизоти фарсудаву корношоями тиббӣ харидорӣ намудаанд.


Омӯзгорони макотиби олии Тоҷикистон ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ба ИМА даъват шуданд

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари барномаҳои маърифатӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байнулмилалӣ (


ACTRA


/


ACCEIS


) эълом доштанд, ки амалисозии барномаи «Таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони макотиби олӣ» (Junior Faculty Development Program, JFDP шурӯъ мешавад.




Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи таҷрибаомӯзӣ омӯзгорон дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ҷамъомаду конфронсҳо иштирок мекунанд.



Ҳамаи хароҷот аз ҷониби масъулони татбиқи барнома пардохт мегардад.



«Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки собиқаи дусолаи корӣ дар макотиби олиро соҳиб ҳастанду забони англисиро ба таври хаттиву шифоҳӣ хуб балад мебошанд ва ба оғози барномаи академӣ дар ИМА (январ-майи соли 2009) имкон доранд, метавонанд довталаби иштирок дар барнома гарданд, – изҳор дошт манбаъ. – Муаррифиномаи барнома ва машварати умумӣ оид ба тарзи пур кардани маълумотнома (анкета) дар таърихи 11-уми август дар дафтари кории Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байнулмилалӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой, 86 баргузор мешавад».


Кумитаи андоз аз ӯҳдаи иҷрои супориши сарвари давлат баромада натавонист, – раиси кумитаи андоз

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Ҳаким Солиев изҳор дошт, ки ҳарчанд кумита нақшаи ҷамъоварии андозро дар нимсолаи аввал барзиёд (15 дарсад) иҷро карда бошад ҳам, аз ӯҳдаи иҷрои супориши президенти Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии иловагии андоз ба маблағи 600 млн. сомонӣ баромада натавонистааст.





           

Мавсуф зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти кумитаи андоз ба буҷаи ҷумҳурӣ ба ҷои 727,4 млн. сомонии мувофиқи нақша пешбинишуда 840,2 сомонӣ маблағ ворид сохтанд.




           

Дар ҳамин ҳол, ӯ баён дошт, ки нақша аз рӯи чор навъи андоз – андоз аз истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (79,2 дарсад), андози ягона (96 дарсад), андози давлатӣ (87,6 дарсад) ва андоз аз фурӯши чакана (98,7 дарсад) иҷро нашудааст.




           

«Ман мутмаъинам, ки то охири сол мо супориши додаи сарвари давлатро ба иҷро хоҳем расонид», – гуфт Ҳ.Солиев ва афзуд, ки ба иллати бӯҳрони шадиди имсола ва коҳиш ёфтани мизони тавлиди маҳсулоти саноатӣ иҷрои ин супориш ба таъхир афтод.


Вазорати тандурустӣ иттилооти сар задани бемории доманаро беасос мехонад

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов иттилооти дар Тоҷикистон сар задани бемории доманаро рад намуд.




Ба гуфтаи ӯ, санҷиши вазъи эпидемиологӣ коҳиши бемориҳои сироятиро дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ошкор сохтааст. «Соли гузашта дар 215 маврид бемории домана ба қайд гирифта шуда буд, имсол бошад, ин рақам ба 154 ҳодиса баробар аст», – гуфт ӯ.



С.Раҳмонов изҳор дошт, ки соли гузашта 3 ҳазору 652 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории гепатит ба қайд гирифта шуда, соли равон он то 2 ҳазору 817 ҳодиса камтар гаштааст, ки ин коҳиши назаррас аст.



«Агар соли гузашта 12 ҳазору 707 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сироятии шадиди рӯда ошкор гашта бошад, соли равон ин рақам ба 9,6 ҳазор расидааст», – афзуд муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ.


Дар Суғд боронҳои пуршиддат ба сел мубаддал гаштанд

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд боронҳои давомдори пуршиддат дар таърихи 21-уми июл боиси омадани сел гаштанд.




Корманди масъули Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании вилоят Музаффар Усмонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Қипчоқ ва Шоҳқадам осеб дидаанд.



Ба гуфтаи ӯ, бар асари омадани сел як манзили зист,


2 км

қубурҳои оби нӯшокӣ ва

5 км

роҳ зарар дида, 100 сар чорвои майда ва 5 сар чорвои калон талаф ёфтаанд.

  




«Ҳамчунин якчанд гектар заминҳои обӣ ва садди муҳофизатӣ дар хоҷагии Файзуллоев низ хисорот бардоштаанд, – афзуд М.Усмонов. – Айни замон ҷиҳати бартараф сохтани хисорот тамоми чораҳо андешида мешаванд».


Парвандаи ҷиноии Ҷӯраев барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст

0




24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳаммаслакони Ҷӯраев Низомхон, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Кимиё»-и шаҳри Исфара, собиқ вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст.




Директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимов изҳор дошт, ки агентӣ парвандаи ҷиноии мазкурро нисбат ба 33 нафар ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба итмом расонида, ба додгоҳ фиристодааст, ки зарари молиявӣ аз рӯи ин парванда 38 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз шумори 33 нафар 17 нафари онҳо дар ҳабс қарор доранд.



Директори агентӣ ҳамзамон ёдовар шуд, ки аъзои гурӯҳи Н.Ҷӯраев на танҳо ба содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ, балки дар ҷиноятҳои қатли муовини прокурори генералии ҶТ Толиб Бобоев, ғоратгарӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, дуздии маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст омада низ гумонбар дониста мешаванд. «Бар замми ин, гурӯҳи номбурда 16 иншоотии давлатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли рангҳои молиданиро ба маблағи ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаст, ки арзиши аслии он ба 700 ҳазор сомонӣ баробар аст ва тибқи қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муомилоти харидуфурӯши ин иншоот ғайриқонунӣ эътироф гардида, он ба моликияти давлат баргардонида шуд», – гуфт Ш.Салимов.



Ба қавли ӯ, 15 иншооти дигар, аз қабили автомашина, бӯстонсаро, манзилҳои зист ва дафтарҳои корӣ таҳти назорат қарор дода шудаанд.



«Низомхон Ҷӯраев айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале ҳарчанд ба мо макони иқомати ӯ маълум бошад ҳам, бо сабаби идомаи тафтиш аз ифшои он худдорӣ мекунам», – афзуд Ш.Салимов.



Ёдрас мекунем, ки ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев директори корхонаи истеҳсоли консерваи шаҳри Исфара Содир Убайдуллоев, собиқ директори ҳамин корхона Рустам Зикриёев, директор ва сармуҳандиси корхонаи истеҳсоли спирти шаҳри Исфара Шукрулло Деҳқонов ва Аҳмадбой Абдуллоев, сардори шӯъбаи таъминоти корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Бафо Набиев, корманди гурӯҳи фаврии зудамали Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Мирзохалил Раҳмонов, ду нафар соҳибкорони хусусӣ – Абдуқодир Қодиров, Ҳикмат Бурҳонов ва дигарон мебошанд.




 





 

Барои баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ $16 млн. маблағ зарур аст, – раиси Кумитаи давлатии омор

0


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон Мерган Шаҳбозов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки барои баргузории маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии кишвар дар моҳи октябри соли 2010 16 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст.




«Бо кӯмаки мушовирони хориҷӣ мо мушаххас сохтем, ки барои баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва нашри натоиҷи он то соли 2015 16 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки қисме аз ин маблағҳо ҷиҳати ба тартиб овардани номи кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои аҳолинишин сарф шуда, моҳи октябри соли равон дар шаҳри Роғун ва деҳаҳои гирду атрофи он маъракаи санҷишии барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад, ки натиҷаҳои он аввали соли 2009 ба ҳукумат пешниҳод карда мешаванд.



Раиси кумитаи омори ҷумҳурӣ дар фасли тирамоҳ баргузор намудани маъракаи барӯйхатгиро бо он асоснок мекунад, ки дар ин фасл аксари муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан бармегарданд ва «муҳоҷироне ҳам, ки дар хориҷи кишваранд, ба қайд гирифта хоҳанд шуд».



«Дар пурсишномаи маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ суолҳо оид ба муҳоҷирон ҷой дода шудаанд, – идома дод М.Шаҳбозов. – Зимни посух ба онҳо сарвари хонадон метавонад бобати шумораи аъзои оилааш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, маълумот диҳад».



Ёдрас мекунем, ки барӯйхатгирии охирини аҳолӣ дар Тоҷикистон соли 2000 доир гашта, мувофиқи натиҷаҳои он шумораи аҳолии кишвар ба 6 млн. 127 нафар

ҳазор

баробар буд.