Раҳима Шалоэр яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик буда, аз солҳои 70-ум то солҳои 90-уми қарни гузашта овозхони маъруфи гурӯҳи эстрадии “Гулшан”-и назди Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон буд.
Ӯ дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ беш аз 60 китобу рисола, беш аз 160 мақолаи илмии тадқиқотӣ, зиёда аз 700 мақолаи илмии оммавӣ ба табъ расонидааст.
Профессор Усмонҷон Ғаффоров дар 78-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид.
Соли 1949 – Мавлуди Назруллоҳи Назар, тарҷумон ва дипломати тоҷик.
Рӯзи 30 январи соли 1953 Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо махав (як навъ беморӣ) аст.
Махав (бемории хансен, хансеноз, хансениаз) як бемории сироятӣ буда, боиси осеби пӯст, системаи асаби периферӣ ва дигар системаҳои бадан мегардад. Шоир, нависанда ва рӯзноманигори фаронсавӣ Раул Фоллеро ҳаёти худро ба муборизаи зидди махав ва табъиз нисбат ба шахсони гирифтори он бахшид.
Рӯзи 30 январи соли 1933 Гитлер ба вазифаи канслери Германия таъин шуд. Баъд аз як сол, пас аз марги П.Гинденбург (Президенти рейхи Олмон дар солҳои 1925-1934) Адолф низ президент ва фармондеҳи олӣ шуд ва ҳамин тариқ ваколатҳои судӣ, иҷроия ва қонунгузорро ба даст овард.
Корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешаванд ва бино аз чанд ошёна иборат хоҳад буд, маълум нест. Тавре мушоҳида кардем, ҳоло печонидани гирду атрофи ин минатқа оғоз шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳашт сол пеш, рӯзи 9-уми октябри соли 2017, бозори маъруф ба “Зелёний бозор” дар пойтахт бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барҳам дода шуд ва савдогарони он ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд.
Ҳамон сол аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ҷойи бозор “маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад”. Аммо бо гузашти ин муддат дар ҷойи бозор ягон иншооте сохта нашуд ва замини он холӣ боқӣ монд.
Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва супориши ӯ барои таъмири 56 пойгоҳи аз фаъолият бозмондаи обкашӣ, то ҳол беш аз 10 пойгоҳ навсозӣ шудааст ва боқимонда то моҳи сентябр пурра таъмир мегардад. Дар сурати навсозии комили ин пойгоҳҳо беш аз 12 ҳазор гектар замини аз беобӣ хушкида обёрӣ мешавад.
Дар ин бора Зафарбек Давлатзода, роҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ, то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 56 пойгоҳи обкашониро бояд таъмиру бозсозӣ кунем… Ҳаррӯза корбарӣ мекунем. Аз маблағ вобаста аст. Он пойгоҳҳое, ки бо мабалғҳои кам бозсозӣ мешаванд, мо онро иҷро мекунем. Аммо дар баъзе ҷойҳо маблағҳои бисёр даркор аст. Барои ин мо лоиҳа омода карда истодаем. Аз ҳар манбаъи сармоягузор истофода бурда, мо ҳаракат мекунем, ки супоришро иҷро кунем”, – гуфт Давлатзода.
Барнома, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таҷдиди низоми қубур ва заҳбурҳо, ҷорисозии обёрии дохилихокӣ ва худкор (автоматӣ), таъмини иншоот бо барқ, ивази таҷҳизоти кӯҳна ва инчунин гузаронидани корҳои беҳдошти замин барои мубориза бо шӯршавӣ, ботлоқшавӣ ва эрозияи хокро дар бар мегирад.
Коршиносон ҳам таъкид месозанд, ки бидуни маблағгузории назаррас ва устувор, бунёди зерсохтори хоҷагии оби самаранок, аз лиҳози иқтисодӣ ва захираҳо сарфакор ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлим ғайриимкон аст.
Давоми соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба маблағи 79,2 млн доллар ҳудуди 191 ҳазор тонна маҳсулот содир шудааст, ки 13,5% аз рӯи ҳаҷм (22 683 тонна) ва 39,7% зиёдтар аз рӯи арзиш (22,5 млн доллар) мебошад.
Арзиши аз ҳама зиёдтар ба хушкмева, ангури тару тоза ва зардолу, лимӯ, писта ва пиёз рост меояд.
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишовазӣ хабар дод, ки "айни замон Тоҷикистон на ба афзоиши майдони кишт, балки баланд бардоштани ҳосилнокиии зироатҳои кишоварзӣ бо ёрии технологияҳои инноватсионӣ ва таъмини устувории онҳо аз лиҳози экологӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад".
Зикр шуд, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 26 кишвар хориҷи дур ва наздик содир гардида, 89% аз ҳаҷми умумии он ба кишварҳои ИДМ ва 11% – ба кишварҳои хориҷи дур интиқол ёфтааст.
“Ин якум аз он вобастагӣ дорад, ки худи нақлиёти барқӣ гарон аст ва он бо батарея кор мекунад ва батареяҳояшон ҳам муҳлаташон то 10 сол аст. Баъди он бояд батареяро нав кунанд. Аз ҳамин ҳисоб, мо наметавонем, ки нархи роҳкирои таксиро арзонтар кунем. Чунки таксӣ нархи худашро рӯйпӯш карда наметавонад”, – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, сокинон аз он шикоят доранд, ки бозори кирокашҳои пойтахт инҳисор шудаву ба таври шоиста назорат танзим намешавад. Ва ин сабаб шудааст, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати пасти хадамоти кирокашӣ дар Душанбе зиёд шикоят кунанд. Яке аз нигарониҳои сокинон ин аст, ки бо вуҷудӣ бо нақлиёти барқӣ иваз шудани ҳама кирокашҳои пойтахт, нархи он ҳамоно боло боқӣ мемонад.