Нурсултон Назарбоев аз коронавирус сироят ёфтааст

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбонв ба коронавирус мубтало шудааст. "Дар ҳоли ҳозир Нурсултон Назарбоев дар гушанишинӣ қарор дорад. Мутаассифона, натиҷаи санҷиши вируси ӯ мусбат баромад. Вале ҷои нигаронӣ надорад", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи расмии президенти нахустини Қазоқистон. Ба иттилои манбаъ, Назарбоев, ки ҳоло раҳбарии Шӯрои амнияти ин кишварро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбонв ба коронавирус мубтало шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир Нурсултон Назарбоев дар гушанишинӣ қарор дорад. Мутаассифона, натиҷаи санҷиши вируси ӯ мусбат баромад. Вале ҷои нигаронӣ надорад", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи расмии президенти нахустини Қазоқистон.

Ба иттилои манбаъ, Назарбоев, ки ҳоло раҳбарии Шӯрои амнияти ин кишварро бар зимма дорад, корҳояшро фосилавӣ анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти қазоқ хабар додаанд, ки дар шаҳри Нурсултон се нафари дигар – як марду ду зан аз коронавирус ҷон бохтанд. Ҳамин тариқ, шумори умумии қурбониёни вируси корона дар ин кишвар ба 100 расид.

Бино ба омори расмӣ, бештари ҳолатҳо дар пойтахти Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, ҷамъан 24 сокини Нурсултон фавтидаанд. Дар Алмато 15, дар вилояти Павлодар 13 ва дар Чимкент 12 ҳолат сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони мадании қазоқ мегӯянд, шумори маргу мир аз вируси корона аз шумори қабрҳо дар мазорҳои махсуси дафни қурбониёни коронавирус дар Алмато, Нурсултон ва Чимкент фарқ мекунад.

Танҳо дар қабристони махсуси дафни қурбониёни COVID-19 дар наздикии шаҳри Алмато дар 2,5 ҳафтаи охир шумори қабрҳо аз 38 ба 64 расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои расмӣ, дар ин ду ҳафтаи охир дар вилояти Алмато касе аз коронавирус нафавтидааст.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус ё худ COVID-19 дар Қазоқистон то имрӯз ба беш аз 22 ҳазор расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.