Иштироки варзишгарони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон (U-21) имрӯз дар Марокаш оғоз шуда, то 20-уми октябр давом меёбад. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 6 варзишгари ҷавони тоҷик низ ширкат доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 3 вазн миёни мардон гуштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон (U-21) имрӯз дар Марокаш оғоз шуда, то 20-уми октябр давом меёбад.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 6 варзишгари ҷавони тоҷик низ ширкат доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 3 вазн миёни мардон гуштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (-90кг).

Чемпионат аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон), ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мепазирад.

Ғолибон дар баробари медалу диплом бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2500 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 1500 доллар ва ҷойҳои сеюм – 850-долларӣ мукофот дар назар аст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар ин мусобиқа 517 варзишгар (294 мард, 223 зан) аз 81 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.